Хабарҳо

ФАВРӢ! ЛАҒЖИШИ КӮҲПОРА ДАР КИЛОМЕТРИ 119

Субҳи имрӯз дар километри 119- уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ лағжиши куҳпораи азим ба амал омад. Дар натиҷаи ин ҳодиса қитъаи зикршудаи роҳ фурӯ рафта, бино ба гуфти мутахассисон онро аз нав бунёд кардан лозим аст. Аз лаҳзаҳои аввали рух додани ин ҳолат кормандони филиали Ширкат ва техникаҳои пуриқтидор ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуда, бартарафсозии куҳпора идома дорад. 

Муфассалтар...
Маҳдудияти мавсимӣ вайроншавии роҳро пешгирӣ менамояд

Ҳамватанони азиз бояд дарк намоянд, ки бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд мебошад ва дар сурати амалӣ нагаштани ин кор осеби ҷиддӣ дидани роҳ аз эҳтимол дур нест.  Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки аз оғози фаъолият инҷониб аз тарафи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» рисолати ба зиммадоштааш таври мунтазам, дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ шуда истодааст.

Муфассалтар...
КӮҲПОРАИ ДАР КИЛОМЕТРИ 120 ЛАҒЖИДА ФИЛФАВР БАРТАРАФ КАРДА ШУД 

Имрӯз, соати 15:25 дар километри 120- уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ лағжиши куҳпора ба амал омада, ҳаракати воситаҳои нақлиётро мутаваққиф кард.  Дар муддати кутоҳ техника ва кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон ба маҳалли мазкур сафарбар шуда, куҳпораро бартараф ва ҳаракати воситаҳои нақлиётро аз як самт таъмин карданд. 

Муфассалтар...
ФАЪОЛИЯТИ ПУРМАҲСУЛРО ЭЪТИРОФУ АРҶГУЗОРӢ МЕБОЯД 

Борҳо гуфта будем ва иловатан таъкид менамоем, ки ҳадафи иқдоми мо дар мавриди муваққатан боздоштани ҳаракати воситаҳои нақлиёт якто - таъмини бехатарии ронандагону мусофирон аст.  Мутаассифона, як идда моҳияти ин ибтикорро дуруст дарк накарда, ба сари кормандони филиали Ширкат санги маломат мезананд, ки роҳро "сари вақт аз сангреза тоза намекунанд". 

Муфассалтар...
ҲУШДОР: ДАР РӮЗҲОИ ШАДИД БУДАНИ БОРИШ ЭҲТИЁТКОР БОШЕД!

Шоҳиди он ҳастем, ки дар давоми рўзи охир дар мамлакат бориши борон раванди давомдор шуда, боиси расидани хисороти ҷиддӣ ба соҳаҳои гуногун, аз ҷумла роҳҳо гардид. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки бо фаро расидани фасли баҳор , ки бориши боронро ба дунбол дорад, дар роҳҳое, ки аз минтақаи кўҳистони мамлакат мегузаранд фаромадани сангпораҳо, омадани сел ва лағжиши куҳпора падидаи маъмул аст.

Муфассалтар...
ОФАТИ ТАБИӢ ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН 

Дирӯз, дар натиҷаи бориши пуршиддату давомдори борон дар масири роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ, алалхусус минтақаи Зарафшон лағжиши куҳпора ва резиши сангпораҳо ба амал омада, то андозае ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт халал ворид намуд. Бо дарназардошти ҳолати баамаломада, тамоми имкониятҳо барои бартараф намудани пайомадҳои бориши мазкур сафарбар шуда,

Муфассалтар...
Роҳи Душанбе - Чанок. Тармафароӣ др марҳилаи анҷомёбӣ буда,  шусташавии роҳ бар асари боришот шурӯъ шуд

Агар касе андеша дошта бошад, ки  бо сипаришавии фасли зимистон сарбории кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кам шуда, мавсимҳои  боқимонда бидуни мувоҷеҳ гардидан бо мушкил ва ба сомон расонидани ибтикоре паси сар мешаванд, комилан иштибоҳ мекунанд.  Барои мисол, ҳарчанд баҳор фаро расидаву дар паҳноиҳо гармӣ рӯз то рӯз шиддат пайдо мекунад, вале дар масири роҳи Душанбе – Чанок то кунун фаромадани тармаҳо идома дорад.

Муфассалтар...
БОРОНИ ПУРШИДДАТ БАЪЗЕ ҚИТЪАҲОИ РОҲИ ДУШАНБЕ - ЧАНОКРО ШУСТ

Бориши пуршиддати борон, ки шоми дирӯз ба вуқӯъ пайваст баъзе қитъаҳои роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқро шуст. Ёдовар бояд шавем, ки ҳамасола дар ин мавсим, дар натиҷаи бориши шадиди борон ва баландшавии сатҳи оби дарёчаҳои кӯҳӣ  роҳи мавриди назар осеби ҷиддӣ дида, аз ҷониби филиали Ширкат барои ба ҳолати аввала баргардонидани онҳо маблағи зиёд харҷ мешавад. 

Муфассалтар...
Дар моҳи апрел низ тармафароӣ давом дорад 

Дирӯз, дар километри 121- уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ тарма фаромада, дар ин замина ҳаракати воситаҳои нақлиёт мутаваққиф гардид. Шоистаи зикр аст, ки техникаҳои филиали Ширкат филфавр ба макони тармафароӣ сафарбар гардида, дар муддати кутоҳ тармаи мавриди назар бартараф карда шуд.  Айни замон роҳ кушода буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст. 

Муфассалтар...
Муносибат ба ободонӣ хоса аст 

Бо нисбатан кам гардидани тармафароӣ ва бориши барф кормандони филиали Ширкат неруи кормандон ва техникаҳоро ба ободонии роҳ сафарбар намуда, дар ин замина ҳолати роҳи мавриди назар рӯз аз рӯз ва беш аз пеш беҳбуд ёфт истодааст.  Дар ин раванд таваҷҷуҳи асосӣ ба тозагии ҷуйборҳои канори роҳ ва аз байн бурдани таркишҳои дар роҳ пайдошуда равона шуда, барои дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ намудани корҳои ба ин самт рабтдошта аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода карда истодаанд.

Муфассалтар...
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо