Дар бораи лоиҳаи "Нуробод-Нимич"

Лоиҳаи нигоҳдории роҳи мошингарди Ваҳдат – Рашт – Ҷергатол – сарҳади Ҷумҳурии Қиргизистон лоиҳаи озмоишӣ (пилотный проект) буда, мувофиқи Қарордоди байни Вазорати Нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ФШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди нигоҳдории роҳи мошингарди қитъаи Нуробод – Нимич аз км 120 то 193 ум аз моҳи июни соли 2013-ум то моҳи июни соли 2016 ум ба муҳлати 36 моҳ амали мегардад. Дастгоҳи намояндагии Филиали ШС “Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд” дар минтақаи Рашт нигоҳдории 73 километр роҳи мошингардро ба уҳда дошта дар тавозуни ин қитъаи роҳ 15 адад пули мошингузар, 140 адад аломатҳои роҳ ва 10497 метри/ тулони ҷуйборҳои охану бетони мавҷуд мебошанд. То имруз корҳои таъмири, ки дар қарордоди мазкур барои ба иҷро расонидан дарҷ гардида буданд, дар асоси Фармону Супоришҳои менеҷери назоратчӣ оиди нигоҳдории қитъаи роҳи Нуробод-Нимич, аз ҷониби Филиали дастгоҳи намояндаги дар минтақаи Рашт пурра ба иҷро расонида шудаанд. Зикр намудан ба маврид аст, ки Филиали дастгоҳи намояндагӣ дар минтақаи Рашт мувофиқи руйхати корҳо (нигоҳдории ҷорӣ, нигоҳдории зимистона, корҳои саддамавӣ), корҳоро мутобиқи бисту се номгуи нишондиҳандаҳои сифат ба роҳ монда дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба иҷро расонида истодааст.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо