ОФАТИ ТАБИӢ ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН
Дирӯз, дар натиҷаи бориши пуршиддату давомдори борон дар масири роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ, алалхусус минтақаи Зарафшон лағжиши куҳпора ва резиши сангпораҳо ба амал омада, то андозае ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт халал ворид намуд.
Бо дарназардошти ҳолати баамаломада, тамоми имкониятҳо барои бартараф намудани пайомадҳои бориши мазкур сафарбар шуда, бо ҷаҳду талошҳои кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Зарафшон ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин аст.
Дар робита ба ин аз ронандагон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат эҳтироми якдигаррро ба ҷой оранд ва бодиққат бошанд.
Ба кулли роҳравон роҳи сафед орзумандем!