Фаъолият

Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати байналмилалие мебошад, ки дар тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ аз аввалинҳо шуда, бо истифода аз усулҳои инноватсионӣ, бо мақсади рушди устувор ва такмили инфрасохтори роҳ ва бо такя ба ҳайати кормандони соҳибтахассусу пуртаҷрибаи худ механизми толлингиро ҷорӣ намуд. Ба боварии мо, он мушкилоте, ки бахши давлатӣ дар ин соҳа бо онҳо рў ба рў мешавад, тадриҷан ва бомуваффақият тариқи татбиқи механизми толлингӣ дар роҳҳои дигари кишвар бартараф карда мешаванд.

Гузашта аз ин, бо таваҷҷўҳ ба ҳолати ҷуғрофии мавҷуда ва вижагиҳои робитаҳои байнидавлатӣ дар кишваре, ки қисми асосии онро кўҳҳои баланд иҳота кардаанд ва дорои хати ҳаракати мушкилгузару дастрасии маҳдуд ба воситаҳои дигари интиқол, механизми мазкур саривақтӣ ва ниҳоят муҳим мебошад.

Итминони комил дорем, ки механизми ҷорикардаи мо, барои беҳтар шудани инфрасохтори роҳи автомобилгарди кишвар ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Арзишҳо

Бо истифода аз стандартҳои баланди роҳ боло бурдани сатҳи бехатарии ронандагон ва коҳиш додани хароҷоти истифодабарии воситаҳои нақиёт.

Миёни ду маркази аз нигоҳи иқтисодӣ муҳими ҷануб ва шимоли кишвар таъмин намудани алоқаи бевосита ва пурсамар, инчунин баланд бардоштани дараҷаи фаъолнокии иқтисодии мамлакат.

Механизми толлингӣ ва татбиқи он барои идоракунии чунин қисмати муҳими бахши давлатӣ мисли инфрасохтори роҳ имконияти навро фароҳам меорад.

Рисолат

Вазифаи мо таъмин намудани мизоҷони худ бо сатҳи баланди хизматрасонии роҳ ва овардани фоида мебошад. IRS дар тамоми бахшҳои фаъолияти худ такмилёбӣ, эҳтироми мутақобила ва садоқатмандиро арҷ мегузорад. Мо кўшиш менамоем ба мизоҷони худ беҳтарин хизматрасониҳоро пешниҳод намоем. Бо истифода аз стандартҳои баланди роҳ боло бурдани сатҳи бехатарии ронандагон ва коҳиш додани хароҷоти истифодабарии воситаҳои нақиёт.

Ҳадафҳо

Мо кўшиш карда истодаем, ки беҳтарин инфрасохтори роҳро тавассути роҳҳои бехатар ва сатҳи баланди хизматрасонӣ ба мизоҷон таъмин намоем. Ин дар навбати худ ба мизоҷони мо имконият медиҳад, ки тамоми сол сафар кунанд ва кори худро боз ҳам тезтар пеш баранд.

Ба мо нависед

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо