Нуқтаҳои вазнченкунӣ
РОҲНАМО БАРОИ РОНАНДАГОН
Бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани падидаи номатлуб - аз меъёр зиёд бор гирифтани ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш филиали Ширкат тадбирандешӣ дошту дорад. Дар навбати аввал корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондем, зеро беҳтарин васила баҳри рафъи мушкилот маҳз ҳамин усул аст. Мутаассифона, бо вуҷуди густурда будани корҳои фаҳмондадиҳӣ , на ҳама ронандагон муҳимияти масъалаи мавриди назарро дарк намуданд. Иловатан иттилоъ медиҳем, ки аз 10 августи соли равон дар километри 39 –уми роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанок нуқтаи нави вазнченкунӣ, ки бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст, ба фаъолият шурӯъ менамояд. Бартариҳои нуқтаи нави вазнченкунии километри 39-ум зиёд буда, бо мақсади ба вуҷуд наомадани тамбашавии и воситаҳои нақлиёт аз ҳарду ҷониби ҳаракат баркашидани вазни воситаҳои нақлиёт ба роҳ монда шудааст. Чунин тарзи кор шароит фароҳам меорад, ки барои муайян намудани вазн ва андозаи воситаҳои нақлиёт фурсати зиёд сарф нашавад. Илова бар ин, дар нуқтаи нави вазнченкунӣ пардохти ғайринақдӣ ва корпоративӣ имконпазир буда, ин омил аз лиҳози моҳият муҳиму саривақтист Махсус таъкид менамоем, ки андешаҳо бобати он ки нуќтаҳои мазкур ба хотири ҷамъоварии иловагии маблағ таъсис ёфтаанд, беасос буда, мо ба ҳеҷ ваҷҳ манфиатдор нестем, ки ронандагон аз меъёр зиёд бор гиранд. Зеро хароҷоти филиали Ширкат дар робита ба таъмири роҳ аз маблағе, ки дар нуқтаҳои вазнченкунӣ ҷамъоварӣ мешаванд, ба маротиб зиёд аст. Моҳиятан таъсиси нуқтаҳои вазнченкунӣ таъсиррасонӣ маҳсуб шуда, ҳадафи роҳбарияти филиали Ширкат ба ин васила аз байн бурдани қонуншиканӣ - бо бори аз меъёр зиёд ҳаракат намудани воситаҳои нақлиёти боркаш аст. Ояндаи наздик дар назди дигар плазаҳо – Шаҳристон , Истаравшан ва Чойрух низ чунин нуќтаҳои вазнченкуниро фаъол мешаванд.
Ронандагон дар робита ба ин масъала бояд чиро ба инобат гиранд?
Мутобиқи талаботи моддаи 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» айни замон пардохти маблағ барои изофабор вобаста ба тири меҳвари нақлиёти боркаш мувофиқи қарори зикршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ҷорӣ намудани 50 фоиз тахфиф барои 1 тоннаи зиёдатӣ дар воситаҳои нақлиёти дорои тири меҳвари ягонаи тавоноии бардошташ 10 тонна - 35 сомонӣ, тири меҳвари дугона бо тавоноии бардошти 18 тонна, - 49 сомонӣ, тири меҳвари сегона бо тавоноии бардошти 22,50 тонна - 70 сомонӣ, вазни брутто 40 тонна - 52,50 сомонӣ муқаррар шудааст.
Таъкид менамоем, ки нархи зикршуда танҳо барои нуқтаи вазнченкунии километри 39 –ум пешбинӣ шуда, номгўи овардашуда барои ин ва дигар нуқтаҳои вазнченкунӣ метавонад тағйир ёбад.
Муҳимтар аз ҳама, маблағи ҷаримаҳо аз гузариши воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳои аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд, ки боиси пеш аз муҳлат осеб дидани роҳҳои автомобилгард гардида, ҳамзамон барои ҳаракати дигар истифодабарандагон монеа эҷод мекунанд, барои таъмири иловагӣ ва барқароркунии роҳи автомобилгард ва иншооти он сарф мешавад.
Ронандагон бояд дарк намоянд ки:
Агар вазни воситаи нақлиёт якҷо бо бор аз 55 тонна зиёд бошад, ба он иҷозати гузариш дода намешавад.
Изофабор ба бехатарии ҳаракати воситаи нақлиёт таъсири манфӣ дошта, идоракунии онро нисбатан душвор мегардонад. Исбот шудааст, ки масофаи таваққуфи воситаҳои нақлиёти боркаши аз меъёр зиёд бор гирифта 20 маротиба зиёдтар буда, аксар маврид пайомади ногувор дорад. Ҳарчанд изофабори воситаҳои нақлиёти боркаш барои соҳиби он имкони дар як маротиба интиқоли бештари борро фароҳам меораду ба назар мерасад, ки хароҷот барои интиқол камтар аст, аммо дар асл харҷ барои таъмири нақлиёт ва сарфи сўзишворӣ ба маротиб зиёд мешавад. Дар натиҷа, зарар нисбат ба фоида бештар хоҳад шуд.
Ба Шумо роҳи сафед ва сафари бобарор орзумандем!