Барои пардохти ғайринақдӣ бояд яке аз васитаҳои электрони харидорӣ шавад.
Баъд аз кушодани суратҳисоб ва сабти воситаи нақлиёт ҷиҳати пардохти гузариш истифодабаранда метавонад яке аз василаҳои электрониро харидорӣ намояд:
1. Т-корти бетамос, ки имкон медиҳад, ки пардохт бе кумаки хазинадор аз тариқи наздик кардани корт ба панели берунаи пардохт сурат гирад. Пардохт рўи хатҳои умумӣ, ки аз он ҷо воситаҳои нақлиёт бо пули нақд низ гузариш мекунанд, амалӣ мегардад. Барои ронандагони воситаҳои нақлиёти боркаш ин усул бисёр қулай аст.
2. Васила барои амалӣ намудани пардохт, ки маъмулан онро RFID меноманд, имкон медиҳад, ки пардохт бе кумаки хазинадор анҷом пазирад. Ин аломат рўи шишаи пеши воситаи нақлиёт, дар ҷои махсуси барои ин таҷҳизот муайяншуда насб мегардад. Вобаста ба тамға ва сохти воситаи нақлиёт ҷои васила метавонад тағйир ёбад. Пардохт ба таври автоматикӣ дар заминаи иттилоот ҳангоми гузариши воситаи нақлиёт аз зери антеннаи махсус, ки дар рўи соябони плазаи толлингӣ қарор дорад, сурат мегирад. Барои истифодабарандагони усули мазкури пардохт хатти экспресси махсус (марказӣ) пешбинӣ шудааст. Ҳангоми тавозуни мусбат ва набудани мушкилоти дигар пардохт бе таваққуфи воситаи нақлиёт амалӣ мегардад. Барои ронандагони воситаҳои нақлиёти сабукрав истифодаи он хеле қулай аст.
3. Низоми ҷадид ҳамчунин имкон медиҳад, ки пардохт аз тариқи кортҳои бонкӣ низ амалӣ шавад. Пардохт бо кумаки хазинадор амалӣ гардида, доштани корти бонки дахлдор ҳатмӣ аст.