Маркази хизматрасонӣ
Барои бархурдорӣ аз ин имкони пардохти ғайринақдии гузариш зарур аст:
Дар низоми толлингӣ суратҳисоби инфиродӣ кушоед
Барои кушодани суратҳисоб лозим аст, ки бо Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» шартнома баста шавад. Дар поён рўйхати ҳуҷҷатҳои лозима барои бархурдорӣ аз ин имтиёз оварда шудааст:
Ҳуҷҷатҳои лозима | Шахси воқеӣ | Шахси ҳуқуқӣ | Шахси воқеие, ки ҳуқуқ ба барномаи имтиёзӣ дорад |
Ариза барои кушодани суратҳисоб | ҳа | ҳа | ҳа |
Нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ | ҳа | не | ҳа |
Нусхаи РМА | ҳа | ҳа | ҳа |
Маълумотнома аз ҷои истиқомат | не | не | ҳа |
Нусхаи шиносномаи техникии воситаи нақлиёт ва ҳуҷҷати ронандагӣ | ҳа | ҳа | ҳа(таври нотариалӣ тасдиқшуда) |
Акси ронанда 3х4 | не | не | ҳа |
Ҳангоми кушодани суратҳисоб ҳамчунин пешниҳод намудани иттилооти зерин ҳатмӣ мебошад:
Иттилооти лозима | Шахси воқеӣ | Шахси ҳуқуқӣ | Шахси воқеие, ки ҳуқуқ ба барномаи имтиёзӣ дорад |
Суроғаи бақайдгирӣ | ҳа | не | ҳа |
Суроғаи ҳуқуқӣ | не | ҳа | не |
Рақами телефони мобилӣ | ҳа | ҳа | ҳа |
Суроғаи почтаи электронӣ | ҳа | ҳа | ҳа |
Дар суратҳисоб восилаи нақлиётӣ сабт карда мешавад
Ҳангоми сабти воситаи нақлиёт қайд намудани иттилооти зерин зарур аст:
Иттилооти зарурӣ | Шахси воқеӣ | Шахси ҳуқуқӣ | Шахси воқеие, ки ҳуқуқ ба барномаи имтиёзӣ дорад |
Тамға Модел | ҳа | ҳа | ҳа |
Рақами давлатӣ | ҳа | ҳа | ҳа |
Категория | ҳа | ҳа | ҳа |
Акси воситаи нақлиёт | не | не | ҳа |