Хадамоти иттиллоотӣ- маълумотдиҳи

Мўҳтарам истифодабарандагони роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак,

барои Шумо рақами ягонаи дастгирии техникиву иттилоотӣ ҷиҳати хизматрасонӣ пешниҳод карда мешавад. Ба рақами (48) 701 10 20, (98) 720 22 88 аз ҳар минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зада, Шумо метавонед маълумоти зеринро дастрас намоед:

Ҷадвали тарифҳои ҷорӣ;
Имтиёзҳои ҷорӣ, иқдомҳо, тахфифҳо;
Корҳои ҷории таъмирӣ;
Ҳолати техникии роҳ;
Обу ҳаво дар қитъаҳои гуногуни роҳи автомобилгард;
Плазаҳои толлингӣ ва мавзеи ҷойгиршавии онҳо;

Инчунин Шумо метавонед арзу шикоят ва эроду пешниҳодҳои худро оиди фаъолияти

Хадамотҳои техникӣ; Кормандони Плазаҳои толлингӣ манзур намоед;

Бахусус дар бораи ҳар гуна ҳолатҳои изтирории дар роҳи автомобилгард сарзада фавран маълумот диҳед. Маълумоти аз ҷониби Шумо пешниҳодшаванда баррасӣ гардида, мутахассисон барои бартараф кардани ҳолатҳои бавуҷудомада тадбирҳои таъхирнопазир меандешанд.

Масъулини «хати доимоамлакунанда» ҳамарўза 24 соат дар хизмати Шумо мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо