Фаъолият дар "IRS" васила барои фатҳи қулаҳои касбият

Дар IRS мутахассисони соҳибтаҷриба ва баландихтисос фаъолият доранд. Мо имконияти дар қатори худ дидани Шуморо бесаброна интизорем. Мо эҷодкорӣ, навоварӣ ва пешбариро қадр мекунем. Ҳайати кормандони IRS ҳайати воҳид мебошад: муваффақияти мо гарави пешрафти Шумост.
Узви ҳайати IRS шудан маънои ҳарос надоштан аз чолишҳо, пешрафти фавқуллода дар муҳити фавқулҳаракатро дорад.
IRS муҳити кории озодро фароҳам оварда, ташаббусҳои инфиродиро дастгирӣ, маҳорати фардӣ ва дастовардҳоро қадршиносӣ мекунад.
Шуморо мартабаи касбӣ интизор аст!

Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунро барои ишғоли вазифаҳои мудири системавии Раёсати технологияҳои иттилоотӣ эълон менамояд.

Ӯҳдадорӣ: мудири системавии Раёсати технологияҳои иттилоотӣ бояд донад:

  • Идоракунии инфрасохтори серверии ширкат;
  • Иштирок дар лоиҳаҳои сохтмон ва навсозии зерсохтори ТИ;
  • Омодасозии ҳуҷҷатҳои техникӣ, тартиб додани мушаххасот;
  • Танзим ва назорат кардани мониторинг;
  • Танзим ва назорати нусхабардории захиравӣ;
  • Идоракунии парки мошинҳои виртуалӣ;
  • Автоматикунонии равандҳои маъмурӣ;
  • Кор бо серверҳои сахтафзор, дастгоҳҳои шабакавӣ ва системаҳои нигоҳдории маълумот;

Талабот:

  • Маълумоти олии касбӣ;
  • Таҷрибаи корӣ дар соҳаи ТИ на камтар аз 3 сол дар чунин вазифа;
  • Дониши аъло ва таҷрибаи амалӣ дар татбиқ ва нигоҳдории хидматҳои зерин:

 Windows Server 2008/2012/2019/: AD DS, File services, RDS, WSUS, IIS, Print server, GPO, CA.

  • Дониши хуби OC Linux, Asterix (ip-телефония).
  • Виртуализатсия: Microsoft Hyper-V/VMware ESXi.
  • Шабакаи маҳаллӣ ва Интернет: VLAN, 802.1x, NAT (SNAT, DNAT), Proxy, Firewall, Wi-fi, DNS, DHCP, NPS, Link aggregation, STP.
  • СУБД: Microsoft SQL Server.
  • Муҳофизати антивирус: системаҳои мутамаркази муҳофизати зидди вирусҳо.
  • Хизматрасонии почта: Microsoft Exchange Server.

 Дониши хуби сахтафзори таҷҳизоти муосири сервер ва системаҳои нигаҳдорӣ (монтаж, кор бо массивҳои диск, таъминоти микробарномавӣ, идоракунии дурдаст).

Шароити кор ва сатҳи пардохти музди меҳнат алоҳида баррасӣ карда мешавад. Танҳо он номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошанд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд. Тарҷумаи ҳоли худро тавассути почтаи электронӣ фиристед: info@irs.tj, l.fuzaylova@irs.tj; d.yatimova@irs.tj ё ба суроғаи зерин равон кунед: ш. Душанбе, к. З. Нозимов №4.

Филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунро барои ишғоли вазифаҳои– оператор-хазиначӣ дар Нуқтаи вазнченкунии К39, Плазаҳои толлингии Ҳушёрӣ ва Варзоб ва Намояндагии минтақавии филиал дар Варзоб, эълон менамояд

Ӯҳдадориҳои асосӣ:

  • Қабули маблағ аз ронандагони мошинҳо;
  • Қабули маблағ аз ронандагони мошинҳои боркаш барои бори аз ҳад зиёд;
  • Баҳисобгирӣ, додан ва нигоҳ доштани маблағ бо риояи ҳатмии қоидаҳои бехатарӣ;
  • Гузаронидани инкассатсия (ҷамъоварии) пули нақд;
  • Пешбурди баҳисобгирии пулӣ;
  • Таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои мувофиқ;

 Талабот:

  • Маълумот– олӣ-иқтисодӣ;
  • Қобилияти истифодаи таҷҳизоти компютерӣ;
  • Таваҷҷӯҳ ба тафсилот;
  • Муошират ва муносибати мусбӣ;
  • Доштани иҷозатномаи зист дар шаҳри Душанбе ё минтақаи Варзоб;
  • Таҷрибаи корӣ дар ин самт, қобили дастгирист.

Сифатҳои шахсӣ:

  • қобилияти муоширати (боадабона) бо одамон;
  • омодагӣ ба зуд ҳалл кардани мушкилот;
  • таваҷҷӯҳ ба тафсилот ва ниёзҳои муштариён;
  • ростқавлӣ, масъулиятшиносӣ.

Мо пешниҳод менамоем:

  • Кор дар як ширкати беназир;
  • Нақшаи корӣ – аз рӯи баст;
  • Кӯмак ва дастгирӣ дар ҳама марҳилаҳои кор;
  • Дастаи дӯстонаи ҷавонон;
  • Оғози хуб барои мутахассисони ҷавон;
  • Дурнамои афзоиши касб дар дохили ширкат.

Шароити кор ва сатҳи пардохти музди меҳнат алоҳида баррасӣ карда мешавад. Танҳо он номзадҳое, ки ба талабот ҷавобгӯ мебошанд, ба мусоҳиба даъват карда мешаванд. Тарҷумаи ҳоли худро тавассути почтаи электронӣ фиристед: info@irs.tj;  l.fuzaylova@irs.tj; d.yatimova@irs.tj

Ба мо нависед

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо