Фикру ақидаҳо
Хатҳои уфуқӣ – таъминкунандаи бехатарии ҳаракат дар роҳ Ҳамрадиф бо дигар масоил, барқарорсозии онҳо дар мадди назари кормандони ширкати «IRS» қарор дорад
Иваз кардани аломатҳои роҳ, бартараф намудани чуқуриҳо, тоза намудани роҳ, истифодаи маводи зиддилағжиш дар фасли зимистон, пур кардани тарқишҳои бавуҷудомада бо битум, васеъ намудани канори роҳ бо автогрейдер, тозакунии қабати поёнии кӯпрукҳо аз хоку шағал, тоза кардани қубурҳо, бартарафкунии обшустагиҳои канори роҳ, даравидани алафи шафати роҳ, буридани шохаҳои хушки дарахтони ҳамшафати роҳ, тоза намудани ҷӯйборҳо аз лой, сангу шағал бо қувваи дастї, дар ҷойҳои хавфнок гузоштани деворҳои ҳимоявӣва ғайра аз вазифаҳои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба нигоҳдории шоҳроҳи Душанбе –Чанок маҳсуб шуда, кормандони филиали Ширкат онҳоро сарбаландона иҷро намуда истодаанд. Кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Суғд низ бо дарки масъулият кору пайкор намуда, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ҳолати роҳ ҷавогӯйи талабот ва ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин бошад. Биноан, тибқи нақшаи тасдиқгардида, кормандони намояндагӣаз километри 168 то километри 237-и шоҳроҳ хатҳои уфуқии ноаёншударо барқарор намуданд. Шоистаи зикр аст, ки иқдоми мазкур ба хотири таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт амалӣшуда, аз масъулиятшиносии роҳбарияти филиали Ширкат шаҳодат медиҳад. Нуктаи муҳим он аст, ки корҳои дар самт ба анҷом расида иҷроиши нақшаи тасдиқгардидаро ба андозаи 90 фоиз таъмин намуд.
Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон