Сухани ифтитоҳи
Имконияти татбиқи механизми куллан нави институтсионалию инноватсионии идоракунии инфрасохтори барои кишвари дорои иқтисоди гузаро ва бозори ташаккулёбанда бо ташаббуси ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» амри воқеӣ гардид. Innovative Road Solutions Ltd (IRS) – ширкатест, ки аз аввалинҳо шуда ҷорӣ намудани механизми устуворро бо роҳи татбиқи низоми пулакӣ ба роҳ мондааст.
Пайдо кардани роҳҳои ҳалли эҷодкоронаю созандаи институтсионалию инноватсионӣ дар саноати толлингии ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон аз хусусиятҳои фарқкунандаи ширкат мебошанд. Бо такя бар таҷрибаи лоиҳаҳо дар кишварҳои дигар, татбиқи стратегияи тавсеаталабӣ бо роҳи ҳамоҳангсозии талаботи муштарӣ ва фаъолияти ширкати мо, бо кӯмаки кормандони ҷавони серғайрат, соҳибтахассус ва боистеъдод, ки маълумоти касбиро дар давлатҳои мухталифи Аврупо ва ИМА гирифтаанд амалӣ мегардад. Дар байни кормандон шахсони дорои таҷрибаи бои корӣ дар ширкатҳои калонтарини мамлакат низ фаъолият доранд, ки ин нуктаро низ метавон аз ҷиҳатҳои мусбии ширкат арзебӣ намуд.
Мо итминони комил дорем, ки ҳамкории мутақобилан судманд байни ширкати мо ва кишварҳои фармоишгар, ки дар қаноатмандии пурраи ин кишварҳо аз истифодабарии шоҳроҳҳо зоҳир мегардад, ба болоравии эътимоди муштариён мусоидат намуда, барои густариш ва татбиқи механизмҳои институтсионалию инноватсионии аз ҷониби ширкати мо ҷиҳати идоракунии босифат, самаранок ва устувори инфрасохтори роҳҳо ва нақбҳо таҳияшуда, замина фароҳам меорад.
IRS – Тасаввури Шумо амри воқеӣ мегардад. Ман инро кафолат медиҳам.
Бо эҳтиром, Сафаров Нодир Изатуллоевич, Директори Филиали ШС Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон