БОРОНИ ПУРШИДДАТ БАЪЗЕ ҚИТЪАҲОИ РОҲИ ДУШАНБЕ - ЧАНОКРО ШУСТ
Бориши пуршиддати борон, ки шоми дирӯз ба вуқӯъ пайваст баъзе қитъаҳои роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқро шуст. Ёдовар бояд шавем, ки ҳамасола дар ин мавсим, дар натиҷаи бориши шадиди борон ва баландшавии сатҳи оби дарёчаҳои кӯҳӣ роҳи мавриди назар осеби ҷиддӣ дида, аз ҷониби филиали Ширкат барои ба ҳолати аввала баргардонидани онҳо маблағи зиёд харҷ мешавад.
Корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ низ дар ин раванд мадди назар буда, ибтикори амалишуда зиёданд.
Дар робита ба ҳолати баамаломада кормандони филиали Ширкат чораҳои бетаъхир андешида, айни замон бартарафсозии пайомади офати табиӣ идома дорад.