Хабарҳо

Ронандагону мусофирони гиромӣ!

Ба маълумоти онҳое, ки азми сафар аз тариқи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқро доранд мерасонем, ки новобаста аз бориши беист ва шадиди барф роҳ кушода буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст. Кормандони филиали Ширкат роҳро таври мунтазам аз барф тоза ва бо маводи зиддилагжиш коркард карда истодаанд.

Муфассалтар...
«IRS»: Таъминии бехатарӣ авлотар аз ҷанбаҳои дигар аст

Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, субҳи дуюми январ, бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва тармабории зиёд ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз тариқи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ муваққатан боздошта шуд. Ба шарофати меҳнати пурмаҳсули кормандони филиали Ширкати саҳоми “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ки дар давоми ду рӯз зиёда аз 30 тармаро бартарф намуданд, чоруми январ роҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз тариқи роҳи мазкур имконпазир гардид.

Муфассалтар...
Ҳамдиёрони гиромӣ!

Инак, боз як соли амалӣ шудани иқдомҳои созандаи мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати боз ҳам ободтару пешрафта гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол бо хотироти нек ба поён расида, соли нави мелодии  2020 фаро мерасад. Дар робита ба ин, шумо ва наздиконатонро самимона табрик гуфта, осоишу хушбахтӣ, файзу баракат ва дар ҷодаи татбиқи ташаббусҳои нави созанда ҷиҳати рушди минбаъдаи кишвари маҳбубамон барору комёбӣ орзу менамоем.

Муфассалтар...
ДАР ӮЗБЕКИСТОН 3 РОҲ ВА ДУ НАҚБ ПУЛАКӢ МЕШАВАД

Ояндаи наздик дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истифодаи 3 роҳ ва ду тунели дар ағбаҳо воқеъбуда баъд аз пардохти маблағ имконпазир мегардад. Дар ин бораи Агентии иттилотии “УЗнюс” иттилоъ додааст. Бино ба иттилои манбаъ, дар ин бора нуҳуми декабри соли равон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарори дахлдорро ба тасвиб расонидааст.

Муфассалтар...
БДА ҳушдор медиҳад: ронандагону мусофирон бе омодагӣ ба сафар набароянд!

Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон, алалхусус ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносӣ аз 22 то 25 ноябр пастшавии ҳарорати ҳаво, бориши барфу борон дар назар аст. Табиист, ки дар натиҷаи бориши барфу борон дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ, ки қисми асосии онҳо аз минтақаҳои кӯҳистон мегузаранд, фаромадани сангпора, лағжиши кӯҳпора ва рух додани дигар ҳодисаҳои табиӣ аз эҳтимол дур нест.

Муфассалтар...
Муроҷиат ба Президент, моҳияти ЩМА, роҳҳои пулакӣ  ва алтернативаи он

-Қабл аз ҳама бояд гӯям, ки нисбат ба роҳбарияти кунунии Вазорати нақлиёт ягон хусумат надоштаму надорам, баръакс равобити мо дар сатҳи хубу сифати баланд қарор дошту дорад. Бори аввал аст, ки ҳама роҳбарони вазорат мутахассиси роҳу нақлиётанд ва ҳамин тавр ҳам бояд бошад. Сухани ман бо ин асос аст. Вале бояд мадди назар дошт, ки “ҳақиқат зодаи баҳс аст”. Рисолати вазорат 90 фисад дар шароити кӯҳсори мо ба бахши роҳ рабт дорад. Бинобар ин дар дигар кишварҳо, аз ҷумла, Қирғизистон Вазорати роҳ ва нақлиёт номгузорӣ шудааст. Ё дар Эрон  Вазорати роҳ ва боркашонӣ ...

Муфассалтар...
Зинда бод “IRS”

Қабл аз ҳама бояд гӯям, ки сарлавҳа рабте ба ман, ки мубаллиғи «IRS» маҳсуб мешавам надошта, хулосаи  як ронанда аст, ки дар қисмати ниҳоии матлаб шарҳ дода шудааст. Бо дилпурӣ метавон гуфт, ки ин ибора ҳамарӯза аз ҷониби садҳо ронанда – онҳое, ки каҷ шинанд ҳам рост мегӯянд, садо медиҳад.  Мутаассифона як идда, ки табиатан олус буда, эътирофи заҳматҳои дигаронро “гуноҳи кабира” медонанд, ин ҷанбаро  нодида мегиранд.

Муфассалтар...
Роҳи пулакӣ «кашфиёт» - и «IRS» нест

Маводи журналист ва назари коршинос замоне ҳадафрасу ҷолиб гардида, муҳимият касб менамояд, ки дар заминаи далелу арқоми асоснок рӯи саҳифа ояд. Бисёр  вақт мушоҳида менамоям, ки баъзе журналистони ба истилоҳ «саршинос» ва коршиносони  «мустақил»  бидуни овардани манбаъ, андешаҳои подарҳаво ва аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дури хешро ба хонандагон таҳмил намуданианд.

Муфассалтар...
51000 тонна Ҳамин қадар асфалтро дар мавсими имсола кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар масири Душанбе – Чанок барои таъмири роҳ сарф карданд

Аз далелу рақамҳои  мавҷуда метавон хулоса кард, ки таъмиру таҷдид дар роҳу қисматҳои он дар фаъолияти филиали «IRS», далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст. Ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Соли равон доираи фаъолият хеле васеъ гардида, бо ин мақсад зиёда аз 51 ҳазор тонна асфалт харҷ шуд.

Муфассалтар...
РОҲИ 115-МИЛЛИОНДОЛЛАРӢ БАЪДИ ҲАМАГӢ 4 СОЛ РӮ БА ВАЙРОНӢ ОВАРДААСТ

Роҳи Айнӣ - Панҷакент, ки ҳамагӣ чор сол пеш бо харҷи 115 миллион доллар бозсозӣ шуда буд, алакай ҷо-ҷо фурӯ рафта ва вайрон шудааст. Ронандагони маҳаллӣ, ки аз ин роҳ зиёд истифода мекунанд, бо истифодаи 20 акс ба сомонаи "Ахбор” хабар доданд, ки бо онки фурӯравии қисматҳои роҳи Айнӣ –Панҷакент чанд моҳ боз идома дорад, касе дар пайи тармимаш нест ва ҷойҳои фурӯрафтаро танҳо бо чанд санг нишона кардаанду халос.

Муфассалтар...
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо