Ронандагону мусофирони гиромӣ!
Ба маълумоти онҳое, ки азми сафар аз тариқи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқро доранд мерасонем, ки новобаста аз бориши беист ва шадиди барф роҳ кушода буда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст.
Кормандони филиали Ширкат роҳро таври мунтазам аз барф тоза ва бо маводи зиддилагжиш коркард карда истодаанд. Техникаҳои филиали Ширкат ба маҳалли сербориш ва хавфи тармаборӣ зиёд сафарбар шуда, навбатдории шабонарӯзӣ ташкил шудааст.
Аз ронандагон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки бо нақлиёти дорои тири пешбар ба роҳ бароянд ва тавсияҳои кормандони филиали Ширкатро мадди назар дошта бошанд.
Хотиррасон менамоем, дар баъзе ҳолатҳо, аз ҷумла, васеъ кардани роҳ, коркарди он бо маводи зиддилагжиш, мавҷудияти хавфи тармаборӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта мешавад.
Биноан, аз ронандагону мусофирон хоҳиҳмандем ба ин ибтикор, ки ҳадафаш таъмини бехатарии шаҳрвандон аст бо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ муносибат намоянд.