«IRS»: Таъминии бехатарӣ авлотар аз ҷанбаҳои дигар аст
Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, субҳи дуюми январ, бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва тармабории зиёд ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз тариқи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ муваққатан боздошта шуд.
Ба шарофати меҳнати пурмаҳсули кормандони филиали Ширкати саҳоми “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ки дар давоми ду рӯз зиёда аз 30 тармаро бартарф намуданд, чоруми январ роҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз тариқи роҳи мазкур имконпазир гардид.
Ҳоло бартарафсозии пайомадҳои тармаборӣ идома дошта, роҳбарияти филиали Ширкат, масъулини Вазорати нақлиёт, раёсати БДА ВКД ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки бориши барф дар ин масир ҳафтаи гузашта шурӯъ гардида, рӯз то рӯз шадидтар шуда истодааст.Дар робита ба ин, кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” филфавр тармаҳоро бартараф, роҳро аз барф тоза ва онро бо маводи зиддилағжиш коркард карда истодаанд. Муҳим он аст, ки ин раванд зери назорати ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, имконияти мавҷуда самаранок мавриди истифодаанд.
Мушкилӣ асосан дар километри 48 -73 мавҷуд аст, ки хавфи тармафароӣ ва бориши пуршиддати барф дар онҷо хеле зиёд ба амал меояд. Сарфи назар аз ин, кормандони филиали Ширкат ҳамарӯза аз субҳи барвақт ба поккории роҳ шурӯъ карда, коркарди роҳ бо моддаҳои зиддилағжиш дар фаъолияташон падидаи маъмул маҳсуб мешавад.
Дар маҷмӯъ, дар аксар қитъаҳои роҳи Душанбе – Чанок баландии барф зиёд буда, дар ҳолати зарурӣ маҳдуд кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар навбати аввал ба бехатарии ронандагону мусофирон рабт дорад.
Ҳарчанд баъзеҳо иддао доранд, ки чун роҳи Душанбе-Чаноқ роҳи пулакӣ аст, бояд 24 соат боз бошад, вале филиали Ширкат дар баробари шаҳрвандон масъулият дораду таъмини бехатарии шаҳрвандон болотар аз ҷанбаҳои дигар аст.
Биноан, дар сурати ба вуҷуд омадани эҳтимоли хатар ба ҳаёти ронандагон ва мусофирон ҳаракати тамоми намудаи воситаҳои нақлиётро муваққатан бозмедорем.
Дар робита ба ин аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки муқаррароти аз ҷониби филиали Ширкат дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор, аз ҷумла, Вазорати нақлиёт, БДА ВКД ҶТ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҷоришударо ба эътибор гиранд.
Боварӣ дорем, ки ронандагону мусофирони гиромӣ ба иқдоми мазкур, ки идомаи мантиқии корҳои амалишуда дар самти таъмини ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт дар роҳи зикршуда маҳсуб мешавад, бо ҳамдигарфаҳмӣ муносибат хоҳанд кард.