A PHP Error was encountered

Severity: Warning

Message: fopen(/var/cpanel/php/sessions/ea-php72/ci_session0a66343ec5575c7d1e38978b57e1170230f74a52): failed to open stream: Disk quota exceeded

Filename: drivers/Session_files_driver.php

Line Number: 172

Backtrace:

File: /var/data/irstj/public_html/application/controllers/frontend/News.php
Line: 9
Function: __construct

File: /var/data/irstj/public_html/index.php
Line: 315
Function: require_once

A PHP Error was encountered

Severity: Warning

Message: session_start(): Failed to read session data: user (path: /var/cpanel/php/sessions/ea-php72)

Filename: Session/Session.php

Line Number: 143

Backtrace:

File: /var/data/irstj/public_html/application/controllers/frontend/News.php
Line: 9
Function: __construct

File: /var/data/irstj/public_html/index.php
Line: 315
Function: require_once

IRS

БДА ҳушдор медиҳад: ронандагону мусофирон бе омодагӣ ба сафар набароянд!

 

ДУШАНБЕ, 23.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон, алалхусус ронандагони воситаҳои нақлиёт ва мусофирон мерасонад, ки тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносӣ аз 22 то 25 ноябр пастшавии ҳарорати ҳаво, бориши барфу борон дар назар аст. Табиист, ки дар натиҷаи бориши барфу борон дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ, ки қисми асосии онҳо аз минтақаҳои кӯҳистон мегузаранд, фаромадани сангпора, лағжиши кӯҳпора ва рух додани дигар ҳодисаҳои табиӣ аз эҳтимол дур нест. Бинобар ин ба ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, махсусан тариқи минтақаҳои мушкилгузари кӯҳистон ва ағбаҳо ба талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя намуда, ҷони худ ва дигаронро дар хатар нагузоранд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мутаассифона, бо вуҷуди ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, як идда ронандагон бе омодагӣ (манзур- набудани занҷир, аз ҷиҳати техникӣ комил набудани воситаи нақлиёт ва ғайра) ба роҳ мебароянд. Дар натиҷа чунин ронандагон дар роҳ ба мушкилӣ мувоҷеҳ гардида, барои ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод менамоянд.

Раёсати Бозраси давлатии автомобилӣ ҳушдор медиҳад, ки ронандагон дар ин рӯзҳо боэҳтиёт бошанду таҷҳизоти иловагии зиддилағжиш – занҷир, таноб ва дигар лавозимоти зарурӣ бо худ гиранд. Ба ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, махсусан болопӯши чархҳо диққати махсус дода, ҳангоми дидашавандагии нокифоя аз чароғҳои зиддитуманӣ истифода баранд.

Ҳамчунин иловатан тавсия дода мешавад, ки безарурат ба минтақаҳои кӯҳистон ва мавзеъҳои мушкилгузар сафар нанамоянд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо