Хабарҳо

Сафар бе омодагӣ маслиҳат нест!

Филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш вогузор аст, сарфи назар аз вазъи обу ҳаво, фаъолияташро чун ҳарвақта дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба роҳ мондааст.   Борҳо гуфта будем ва иловатан таъкид менамоем, ки маҳз бетафовутии як идда ба тавсияҳои мо дар  бобати бе омодагии ҷиддӣ ба роҳ набаромадан, худдорӣ кардан аз сафар

Муфассалтар...
Новобаста аз бориши шадид роҳи Душанбе – Чанок кушода аст

авре сохторҳои дахлдор пешгуйӣ карда будаанд, субҳи имрӯз бориши шадиди борон ва дар минтақаҳои баландкӯҳ резиши барф шурӯъ гардид.  Дар  масири роҳи автомобилгарди Душанбе -  Чанок бориш нисбатан зиёд буда, дар минтақаи Варзоб  аз километри 10 то 65 борон, аз 65 то 73 барф борида истодааст

Муфассалтар...
Осон магир заҳмати мардони роҳкушо

Бо бунёд ва ба меъёрҳои байналмилалӣ  мутобиқ гардонидани роҳи Душанбе — Айнӣ — Истаравшан — Хуҷанд — Бӯстон — Чанок на танҳо ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар ҳама фасли сол байни пойтахти мамлакат ва вилояти Суғд таъмин гардид, инчунин барои робитаҳои нақлиётии давлатҳои ҳамсояи ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо шароити мусоид фароҳам омад.

Муфассалтар...
Омодагии «IRS» ба мавсими сармо ҷиддист

Бо фаро расидани фасли сармо тамоми идораву ташкилот ва шаҳрвандон пайи омодагӣ ба он камари ҳиммат мебанданд. Зеро айёми қаҳратуни сол мушкилоти зиёдеро ба дунбол дошта, дар сурати сари вақт омодагӣ надидан фаъолият ба мушкилӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд. Бо назардошти муҳимияти масъалаи мавриди назар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муфассалтар...
Роҳи Душанбе  – Чанок. Кормандони «IRS» дар мавсими имсола бо харҷи 23000 тонна асфалт 152519,76 метри квадратии онро таъмир карданд

Таъмири куллии роҳ масрафи зиёд дошта, дар ин замина роҳ пурра аз нав эъмор мешавад.   Аз далелу арқоми мавҷуда метавон хулоса кард, ки таъмиру таҷдид дар роҳу қисматҳои он дар фаъолияти филиали «IRS», далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст.

Муфассалтар...
Иқдоми навбатӣ барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ

Таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкат маҳсуб шуда, вобаста ба ин масъала мунтазам тадбирандешӣ мешавад. Насби оинаҳои махсус дар километрҳои 89, 93, 129, 133 ва 147 идомаи корҳои дар ин ҷода амалишуда аст...

Муфассалтар...
Боз як далели масъулиятшиносии «IRS»

 Харидории озмоишгоҳи сайёр, ки дар мамлакат назир надорад, идомаи мантиқии ибтикороти филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри боз ҳама беҳбуд бахшидани сатҳу сифати фаъолият маҳсуб мешавад. Автомобил - озмоишгоҳи мавриди назар  баҳри ташхиси масолеҳи сохтмонии ба бахши роҳ дахлдошта истифода хоҳад шуд.

Муфассалтар...
Роҳкушоӣ даркушоӣ нест ...

Истиқлоли иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан, роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст. Биноан, Пешвои миллат аҳли кишварро бо азми қатъӣ ба эҳёи роҳу пулу иншооти инфрасохтори роҳдорӣ, даъват карда, Ҳукумати кишварро муваззаф намуданд, то ҷиҳати бунёди инфрасохторе, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарорад, тадбирҳои зарурӣ андешад.

Муфассалтар...
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо