Новобаста аз бориши шадид роҳи Душанбе – Чанок кушода аст
Тавре сохторҳои дахлдор пешгуйӣ карда будаанд, субҳи имрӯз бориши шадиди борон ва дар минтақаҳои баландкӯҳ резиши барф шурӯъ гардид. Дар масири роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанок бориш нисбатан зиёд буда, дар минтақаи Варзоб аз километри 10 то 65 борон, аз 65 то 73 барф борида истодааст. Дар минтақаҳои Зарафшону Суғд аз километри 155 то 210 бориши барф ва дар қисмати боқимонда бориши борон идома дорад.
Бо назардошти ҳолати баамаломада кормандони филиали Ширкат фаъолиятро беш аз пеш тавсеа бахшида, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд, то ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин бошад. Дар ин раванд коркарди роҳ бо маводи зиддилағжиш маддаи назар буда, ин кор мунтазам амалӣ шуда истодааст.
Бо фаро расидани фасли сармо тамоми идораву ташкилот ва шаҳрвандон пайи омодагӣ ба он камари ҳиммат мебанданд. Зеро айёми қаҳратуни сол мушкилоти зиёдеро ба дунбол дошта, дар сурати сари вақт омодагӣ надидан фаъолият ба мушкилӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Бо назардошти муҳимияти масъалаи мавриди назар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021” низ ба тасвиб расид.
Филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш вогузор аст, ба фаслҳои тирамоҳу зимистон омодагии ҷиддӣ дорад.
То ин замон барои фаъолияти муназзам дар фасли сармо 19820 тонна маводи зиддилағжиш, 69 тонна ангишт, 171000 литр сӯзишворӣ (солярка ва бензин) ва дар ҳаҷми зарурӣ равғанҳои молиданиву сарулибоси зимистона захира шудааст. Илова ба ин, техникаҳои марбут ба филиали Ширкат бо шинаҳои зимистона таъмин гардида, ҳолати техникиашон ба талабот ҷавобгӯ аст.
Таҷрибаи фаъолият далели возеҳи он аст, ки маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарўзии кормандони Филиали Ширкат роҳи мазкур умуман баста набуд. Мавҷудияти 210 мошину техникаи замонавӣ барои нигоҳдории роҳ, ки аксарашон дар ҷумҳурӣ назир надоранд далели возеҳи он аст, ки ширкат дар иҷрои рисолат хеле фаъол аст.