Осон магир заҳмати мардони роҳкушо

 

 

Бо бунёд ва ба меъёрҳои байналмилалӣ  мутобиқ гардонидани роҳи Душанбе — Айнӣ — Истаравшан — Хуҷанд — Бӯстон — Чанок на танҳо ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар ҳама фасли сол байни пойтахти мамлакат ва вилояти Суғд таъмин гардид, инчунин барои робитаҳои нақлиётии давлатҳои ҳамсояи ҷанубӣ ва шарқии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо шароити мусоид фароҳам омад.

  Аз лиҳози моҳият роҳи зикршуда дар ҷисми мамлакат шабеҳи шоҳраг буда, кишварҳои ҳамсоя, бандарҳои баҳрии қаламрави Осиёву Аврупоро ба ҳам пайваст менамояд ва барои ҳамлу нақли бевоситаи байналхалқӣ имконият медиҳад.  Ногуфта пайдост, ки бунёди роҳ як тарафи масъала асту нигоҳ доштани он идомаи мантиқии ин раванд ва дар сурати амалӣ нагаштан вайрон гаштани роҳ аз эҳтимол дур нест.

  Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши боризи роҳ ва бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он ба хулоса омад, ки механизми инноватсиониро аз рӯйи низоми толлингӣ дар хизматрасонӣ ва идоракунии роҳи Душанбе — Чанок мавриди амал қарор диҳад ва тибқи шартномаи консессионӣ нигоҳдории шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе — Чанок ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд.

  Лозим ба ёдоварист, ки интихоби ин ширкат тибқи муқаррароти қонунгузории мамлакат ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, шартномаи зикршударо мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонид.

Вақтҳои охир теъдоди шахсоне, ки баъд аз сафар тариқи роҳи Душанбе – Чанок арзи сипоси хешро ба роҳбарият ва кормандони филиали ширкати “IRS”  барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст. Зеро онҳо шоҳиди ҳол мешаванд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, филиали ширкат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст.

   Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, дар чандин қитъаҳо роҳ пурра фурӯ рафт. Масъулиятшиносиву поквиҷдонӣ ва пойгоҳи пурқуввати техникӣ замина фароҳам овард, ки дар робита ба ҳолати баамаломада филфавр тадбирандешӣ шавад. Ин дар ҳолест, ки дар дигар роҳҳои мамлакат бар асари монеаи ҷузъӣ  рӯзҳои зиёд  ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад.

    Ҳамрадиф бо ин, қаноатмандии шаҳрвандон  ба тавсеаи таъмиру таҷдиди роҳ, мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав, коҳиш ёфтани шумораи плазаҳо, аз байн бардоштани дидбонгоҳҳои БДА ва ғайра рабт дорад.

    Бо хулоса аз корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе – Чанок дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади шаҳрвандон аз тариқи он дар ҳама фасли сол таъмин аст.

Бо фаро расидани фасли сармо тамоми идораву ташкилот ва шаҳрвандон пайи омодагӣ ба он камари ҳиммат мебанданд. Филиали ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” низ ба фаслҳои тирамоҳу  зимистон омодагии ҷиддӣ дошта, то ин замон барои фаъолияти муназзам 14820 тонна маводи зиддилағжиш , 69 тонна ангишт, 151000 литр  сӯзишворӣ (солярка ва бензин) ва дар ҳаҷми зарурӣ  равғанҳои молиданиву сарулибоси зимистона  захира шудааст.  Илова ба ин, техникаҳои марбут ба филиали Ширкат бо шинаҳои зимистона таъмин гардида, ҳолати техникиашон ба талабот ҷавобгӯ аст.   

   Таҷрибаи фаъолият  далели возеҳи он аст, ки маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарўзии кормандони  Филиали Ширкат роҳи мазкур умуман баста набуд. Мавҷудияти 210  мошину техникаи замонавӣ барои нигоҳдории роҳ, ки аксарашон дар ҷумҳурӣ назир надоранд далели возеҳи он аст, ки ширкат дар иҷрои рисолат хеле фаъол аст.   Маҳз мавҷудияти ҳамин гуна техникаҳои пуриқтидор замина фароҳам овард, ки ҳатто рўзҳои сербориши  фасли зимистон ва тармафароии зиёд ҳаракати нақлиёт  аз тариқи роҳи зикршуда таъмин гардад.

Далели бебаҳс аст, ки ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони филиали ширкат ҳаракати бехатару муназзами мошинҳо таъмин гардида, дар натиҷаи фароҳам омадани шароити мусоид интиқоли молу маҳсулот, ки яке аз рукнҳои асосии иқтисоди бозорӣ аст, афзуд.

  Табиист, ки вақте ба таҳвили молу маҳсулот имконияти васеъ муҳайё ва бозори он зиёд мегардад, ҳатман соҳаҳои истеҳсолӣ, қабл аз ҳама саноати кӯҳӣ, яъне истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ, инчунин истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ инкишоф ва додугирифти субъект­ҳои хоҷагидорӣ вусъат меёбад. Ҳамчунин, бо афзун гаштани ҳаракати нақлиёт дар роҳ иншооти хизматрасонӣ низ зиёд шуда, аҳолии деҳоте, ки ба роҳҳо наздиканд, ба худ ҷойи кор пайдо карданд.

  Бо мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон», ки алъон нигоҳдориаш ба зиммаи филиали ширкат вогузор аст, роҳи мошингарди Душанбе -Айнӣ-Истаравшан -Хуҷанд -Бӯстон -Чанок ба шабакаи ягонаи коммуникатсионӣ табдил ёфта, ҳаракати мошинҳои сабукраву боркаш

Дар муддати кӯтоҳи фаъолият ширкат тавонист, ки масъалаҳои зиёди ташкилӣ, молиявӣ ва иҷтимоиро ҳаллу фасл намояд. Қабл аз ҳама, роҳбарияти ширкат дар пеши худ мақсад гузошта буд, ки ҳар чӣ зудтар барои аҳолии шафати роҳ системаи гузариши имтиёзнокро муайян ва ҷорӣ намояд. Ҳоло низоми гуногуни имтиёзҳо барои аҳолии шафати роҳ мавриди амал аст, ки маблағи ниҳоӣ ба 50 фоиз аз нархномаи муқарраргардида баробар мебошад.

Далелҳои мазкур далели бебаҳси онанд, азми роҳбарияти “IRS”  дар робита ба нигоҳдории роҳи мавриди назар қавӣ ва руҳияашон хастагинопазир аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо