Хабарҳо

Фаврӣ!

Чанд дақиқа пеш, баъд аз бартараф намудани тармаҳо, тоза кардани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз самти Хуҷанд ба Душанбе оғоз гардид. Кормандони филиали Ширкат ҷаҳд доранд, то дар давоми рӯз гузариши автомобилҳо аз ҳарду ҷониб имконпазир шавад.

Муфассалтар...
Ҳаракати нақлиёт муваққатан боздошта шуд

Ба маълумоти онҳое, ки азми сафар аз тариқи роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанокро доранд, мерасонем, ки бинобар зиёд будани тармафароӣ ва пуршиддат будани бориши барф ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан боздошта шуд.

Муфассалтар...
“IRS”: Масъулият бо рисолат тавъам аст

Рӯзҳои охир  дар масири роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанок бориши  барфу борон пуршиддату давомдор  буда, дар ин замина тармафароӣ зиёд аст. Барои мисол, дирӯз кормандони “IRS” шаш тармаи хурду бузургро бартараф намуданд.  Чун ҳарвақта кормандони филиали Ширкат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд, то ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин бошад.

Муфассалтар...
Азми кормандон қавӣ буда, фаъолият шабонарӯзӣ аст

Роҳи Душанбе – Чанок, бо назардошти аз минтақи релефаш душвори кӯҳистон гузаштан аз офатҳои таббиӣ зиёдтар осебпазир буда,нигоҳдории он кори саҳлу сода нест.     Биноан, таваҷҷуҳи роҳбарият ва кормандони филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосӣ ба он равона шудааст, ки нигоҳдории роҳ дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ гардад. Дар робита ба бориши барф ва

Муфассалтар...
САМАРАИ АЪМОЛИ НЕК

Муътақидем, ки хайру саховат набояд василаи худнамоӣ бошад. Тавре мегӯянд, хайрро тавре бояд кард, ки агар бо як даст анҷом додӣ, дасти дигарат хабар наёбад.Танҳо ба хотири огоҳии ҷомеа ва ботил намудани сафсатаҳои як «идда» бобати танхо ба пулчинӣ машғул будани филиали Ширкат овардани чанд далелро, ки «муште аз хирвор аст», бамаврид медонем.

Муфассалтар...
РОҲИ ОБОД - ФАЙЗБАХШИ ҲАЁТИ БОСАМАР

Филиали Ширкати саҳҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ширкатҳои байналмилалие мебошад, ки бо мақсади нигоҳдории қитъаҳои роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон – Чаноқ” фаъолият менамояд. Вобаста ба омодагиҳои филиали намояндагии Суғдии ширкати мазкур, дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021 мухбирамон бо менеҷери намояндагии минтақаи Суғдии филиали Ширкати саҳҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз Лтд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоҷалол Олимов суҳбат намуд.

Муфассалтар...
Таҳрифи воқеият ва сарфи назар шудани баҳогузории мусбат

Дар дилхоҳ ҷомеаи мутамаддин вазифаи муҳиму аввалиндараҷаи онҳое, ки ба пешниҳоди иттилоъ машғуланд, расидан ба қадри озодии сухан бидуни суиистифода аз ошкорбаёнию озодандешист. Мутаассифона, ин ҷанба ва риояи тавозун дар мавриди инъикоси назарҳо аз ҷониби радиои “Озодӣ” зимни омодасозии матлаб бо номи “Соҳиби IRS махфист, вале роҳи пулакӣ гардиши молро дар Тоҷикистон 19% кам кардааст” (https://www.ozodi.org/a/rohi-pulaki-gardishi-molro-19-darsad-kam-kardaast/31013125.), сарфи назар шудааст.

Муфассалтар...
Ҳамдиёрони гиромӣ!

Инак, боз як соли амалӣ шудани иқдомҳои созандаи мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам ободтару пешрафта гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол бо хотироти нек ба поён расида, соли нави мелодии 2021 фаро мерасад.

Муфассалтар...
Нигаҳбони яке аз қисматҳои роҳи бузурги абрешим

-Мавҷудият ва фаъолияти филиали ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кадом омилҳо маншаъ гирифтааст? -Шоҳиди он будем, ки бар асари бенизомию нобасомониҳои солҳои 90 – уми асри ХХ кори нақлиёт, ҳолати роҳҳо, пулҳо ва иншооти дигар фалаҷ шуда буд. Аксари инфрасохтори нақлиётӣ корношоям гардида, роҳҳои асосии мошингард ҳолати харобу ҳузнангез доштанд. Ба хотири расидан ба Ваҳдати миллӣ ва барқарорсозии иқтисоди кишвар, пеш аз ҳама, таъмини рафтуомад зарур буд.

Муфассалтар...
Меҳнати пурмаҳсул ҳатман арҷгузорӣ мешавад

Вақтҳои охир теъдоди шахсоне, ки баъд аз сафар тариқи роҳи Душанбе – Чанок арзи сипоси хешро ба роҳбарият ва кормандони филиали ширкати “IRS”  барои масъулиятшиносӣ мерасонанд, тамоюли афзоишро касб намудааст.   Зеро онҳо шоҳиди ҳол мешаванд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, филиали ширкат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст.

Муфассалтар...
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо