САМАРАИ АЪМОЛИ НЕК

 

Муътақидем, ки хайру саховат набояд василаи худнамоӣ бошад. Тавре мегӯянд, хайрро тавре бояд кард, ки агар бо як даст анҷом додӣ, дасти дигарат хабар наёбад.Танҳо ба хотири огоҳии ҷомеа ва ботил намудани сафсатаҳои як «идда» бобати танхо ба пулчинӣ машғул будани филиали Ширкат овардани чанд далелро, ки «муште аз хирвор аст», бамаврид медонем.

Аз рӯзҳои аввали фаъолият ин масъала – пешбурди фаъолияти хайриявӣ мадди назар буда, ҳамон замон ба Хонаи кӯдакони № 1-и шаҳри Душанбе таври мунтазам кумак расонида мешуд. Сипас, ин раванд тавсеа ёфта, филиали Ширкат сарпарастии Муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ» дар ноҳияи Варзобро ба зимма гирифт.

Шоистаи зикр аст, ки филиали Ширкат муассисаи мазкурро мунтазам дастгирӣ намуда, таъмири толори варзишӣ ва бозсозии саҳни он, ки дар ҳолати ногувор қарор доштанд, бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намуд. «IRS» ба муассисаи мазкур маводи хӯрока, мошинаҳои дарздӯзӣ, қолин, ҷомашӯӣ, таҷҳизот барои ошхона, мизу курсӣ, асбобҳои гармидиҳӣ, катҳои хоб ва ғайра низ тақдим намудааст.

Ба ғайр аз ин, намояндагони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» таври мунтазам ба аёдати иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорони меҳнат рафта, ба онҳо кумаки моддӣ мерасонанд. Ҳамрадиф бо иқдомоти зикршуда, аз ҷониби филиали Ширкат барои зарардидагони заминларзаи шаҳри Ваҳдат манзили истиқоматӣ бунёд ва лавозимоти зарурӣ таъмин гардид. Бар замми ин, дар арафаи санаҳои муҳим ва рӯйдоди фараҳбахш, аз ҷумла, мавриди истифода қарор гирифтани плазаҳои нав тӯйи суннатии фарзандони оилаҳои камбизоат низ баргузор карда шуд.

Дар маҷмӯъ, густариш ёфтани фаъолияти филиали Ширкат вобаста ба дастгирии эҳтиёмандону ятимон ва бепарасторон далели возеҳи он аст, ки роҳбарияту кормандони он баробари нигоҳдории роҳ дар сатҳи хубу сифати баланд, ҳамзамон дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолиро низ мадди назар доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо