Таҳрифи воқеият ва сарфи назар шудани баҳогузории мусбат

 

Дар дилхоҳ ҷомеаи мутамаддин вазифаи муҳиму аввалиндараҷаи онҳое, ки ба пешниҳоди иттилоъ машғуланд, расидан ба қадри озодии сухан бидуни суиистифода аз ошкорбаёнию озодандешист. Мутаассифона, ин ҷанба ва риояи тавозун дар мавриди инъикоси назарҳо аз ҷониби радиои “Озодӣ” зимни омодасозии матлаб бо номи “Соҳиби IRS махфист, вале роҳи пулакӣ гардиши молро дар Тоҷикистон 19% кам кардааст” (https://www.ozodi.org/a/rohi-pulaki-gardishi-molro-19-darsad-kam-kardaast/31013125.), сарфи назар шудааст.

     “Меҳвар”-и мақолаи мавриди назар таҳқиқоте, ки Зиёдулло Парпиев, корманди илмии Донишгоҳи Байналмилалии Вестминстер (Тошканд) дар доираи Институти Бонки Рушди Осиё гузаронда, ба хулосае омадааст, ки гардиши савдои Тоҷикистон дар натиҷаи ҷорӣ намудани роҳи пулакии Душанбе-Чанак 19 фоиз кам шудааст, маҳсуб мешавад. Қабл аз ҳама, ба Институти Бонки Рушди Осиё, хоса Зиёдулло Парпиев – коршиноси Донишгоҳи байналимилалии Вестминстер (Тошканд), ки пажӯҳиши мазкурро таҳти унвони “Оё шарикии давлат ва бахши хусусӣ  ақибмондагии зербиноҳои Тоҷикистонро ҳал мекунад?” анҷом додааст ва дар доираи Институти Бонки Рушди  Осиё нашр кардааст, арзи сипос менамоем.

   Дар заминаи таваҷҷуҳи  муаллифи мақола ба лоиҳаи роҳи пулакии Душанбе-Чаноқ аҳамияти ин лоиҳа на танҳо барои кишвар, балки дар маҷмӯъ, барои минтақаи Осиёи Марказӣ бо роҳи нишон додани самараи навоварӣ дар соҳаи инфрасохтори роҳ бозгӯйӣ  шудааст.

  Бамаврид аст, ёдовар шавем, ки ҳамкории филиали ширкати саҳмии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Рушди Осиё  дар сатҳи хубу сифати баланд ҷараён дошта,  далели ин  татбиқи бомуваффақияти лоиҳаи нигоҳдории қитъаи Нуробод-Нимич дар марзи Душанбе-Рашт-Қирғизистон аз ҷониби филиал бо маблағгузории мустақими Бонки Рушди Осиё мебошад.

      Тибқи анъанаи роиҷ, хулосаи мақолаҳои мушаххаси академӣ, дар  Муқаддима шарҳу тавзеҳ дода мешавад.  Тавре аз муҳтавои Муқаддима бармеояд, самараи татбиқи механизми толлингӣ, дар маҷмӯъ, мусбат аст.

   Қайд кардан зарур аст, ки Муқаддима танҳо лоиҳаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанакро дар бар мегирад, ҳол он ки  мақола ба таҳлили ду лоиҳа (Помир Энержӣ ва Душанбе-Чанак) бахшида шудааст. Тавсифи намуна ва тафсири он танҳо дар робита бо лоиҳаи Душанбе-Чанак ба таври муфассал шарҳ дода шудааст ( саҳ 18-19)

  Модел шаш самт ё регрессияҳои классикӣ - воситаи анъанавӣ дар эконометрикаро дар бар мегирад. Дар навбати худ, ин раванд аз маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ, даромади буҷаи маҳаллӣ, хароҷоти буҷаи маҳаллӣ, хароҷоти тандурустӣ, хароҷоти таҳсилот ва  савдои чакана иборат мебошад.

   Муҳим ва қобили таваҷҷуҳ он аст, ки  дар робита ба панҷ самт хулосаи муаллиф мусбат аст. Ба ибораи дигар, аз ҷониби Парпиев таъсири ҷорӣ намудани механизми толлингӣ дар асоси навовариҳои институтсионалӣ тавассути шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба манфиати кор ва судовар арзёбӣ гардидааст. Ягона истисно регрессияи шашум аст, ки дар он  ба 19 фоиз коҳиш ёфтани савдои чаканаи субъектҳои хоҷагидорӣ ишора шудааст. 

 Шоистаи таҳсин аст, ки муаллиф хулосаи худро барои ҳар як регрессия бо такя ба маълумоти оморӣ тақвият бахшидааст. Ҳамин тариқ, натиҷаҳои таҳқиқот собит кардааст, ки маҷмӯи маҳсулоти минтақавии минтақаҳои омӯхташуда (Суғд ва НТҶ) дар муқоиса бо минтақаҳои назоратӣ (Хатлон ва ВМКБ) 26% зиёд шудааст.

 Муҳимтар аз ҳама, таъсири мусбати  роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба даромад ва хароҷоти буҷаи вилоят боз ҳам бештар - аз 29% то 42%, аст.

 Аз рӯи натиҷаи таҳқиқоти муаллиф, таъсири роҳи пулакии Душанбе-Чаноқ ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ мусоидтар аст. Илова бар ин, дар мақола пастравии нархи роҳкиро дар давраи мавриди истифода будани низоми толлингӣ  зикр шудааст.

     Саволе ба миён меояд, ки чаро радиои Озодӣ "таваҷҷуҳ"-и  худро танҳо ба яке аз самтҳо -19 фоиз коҳиш ёфтани савдо равона кардааст. Дар ҳоле ки тибқи қавоини журналистӣ муаллифи матлаб муваззаф буд дигар самтҳоро, ки нишондиҳанда ва натиҷаҳои мусбат доранд, инъикос намояд, то тавозун таъмин ва ғаразнок будани мақола истисно шавад.

     Бояд қайд кард, ки байни савдое, ки “Озодӣ” ба он “таваҷҷуҳ” зоҳир кардааст ва савдои чаканае, ки дар таҳқиқот мадди назар аст, фарқияти куллӣ вуҷуд дорад.

  Мазмуну моҳияти таҳқиқот шаҳодати, ки муаллиф ҳадафи бозгӯйӣ намудани нишондиҳандаҳои мусбати лоиҳаи  роҳи пулакии Душанбе-Чанакро дорад. Натиҷаҳои омӯзиш, муаррифӣ ва тафсири маълумотҳои эмпирикӣ, инчунин аҳамияти омории пажӯҳиш  аз ин гувоҳӣ медиҳанд.

    Филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Институти Бонки Рушди  Осиё  барои фароҳам овардани заминаи татбиқи ин таҳқиқот, инчунин ба муаллифи мақола Зиёдулло Парпиев, коршиноси Донишгоҳи байналмилалии Вестминстер (Тошканд) барои пажӯҳиши арзишманд арзи сипос намуда, ҳавасмандӣ ва омодагии хешро барои омӯзиши амиқу доманадори  таъсири лоиҳа ба вазъи макроиқтисодӣ ва микроиқтисодии кишвар иброз менамояд. 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо