Ҳаракати нақлиёт муваққатан боздошта шуд

 

 

Ба маълумоти онҳое, ки азми сафар аз тариқи роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанокро доранд, мерасонем, ки бинобар зиёд будани тармафароӣ ва пуршиддат будани бориши барф ҳаракати тамоми намуди нақлиёт муваққатан боздошта шуд.

Ҳоло техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкат ба бартараф намудани тармаҳои калонҳаҷм, тоза намудани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш  машғуланд.

Аз шаҳрвандон бо арзи эҳтиром хоҳишмандем, ки моҳият ва муҳимияти ин иқдомро дарк ва бо ҳамдигарфаҳмӣ муносибат намоянд.

Дар навбати худ, кормандони филиали Ширкат аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мебаранд, то ҳар чӣ зудтар ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути роҳи зикршуда имконпазир гардад.

 Дар ҳолати  кушода шудани роҳ иловатан маълумот медиҳем.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо