Ҳамдиёрони гиромӣ!
Инак, боз як соли амалӣ шудани иқдомҳои созандаи мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам ободтару пешрафта гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол бо хотироти нек ба поён расида, соли нави мелодии 2021 фаро мерасад.
Дар робита ба ин, шумо, аҳли хонавода ва дигар наздиконатонро самимона табрик гуфта, осоишу хушбахтӣ, файзу баракат ва дар ҷодаи татбиқи ташаббусҳои нави созанда ҷиҳати рушди минбаъдаи кишвари маҳбубамон барору комёбӣ орзу менамоем.
Шоҳиди он ҳастем, ки соли рафтаистода барои мардуми тоҷик, воқеан ҳам, соли вусъати бесобиқаи корҳои ободониву созанда буду ин раванд муттасил аст.
Дар баробари дигар сокинони мамлакат, кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пай иҷрои рисолати хеш софдилонаву содиқона заҳмат кашиданд.
Фаъолияти пурмаҳсули кормандони мо далели бебаҳси он аст, ки роҳи Душанбе – Чанок дар симои филиали Ширкат нигоҳбони масъулиятшиносу боэътимод дорад. Ифтихормандем, ки ба шарофати масъулиятшиносии роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат роҳи мавриди назар дар ҳолати хуб қарор дошта, шаҳрвандон аз фаъолияти мо розианд.
Муҳим он аст, ки аз баракати сулҳу суботи комил, соли сипаришуда низ аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибтикороти зиёд амалӣ гардида, ин раванд бемайлон идома дорад.
Бо дарки масъулият мегӯем, ки кормандони филиали Ширкат дар соли 2021 низ ба хотири татбиқи нақшаҳои тасдиқшуда бо азми қавӣ ва нияти нек фаъолият хоҳанд кард.
Соли нави 2021 муборак!