“IRS”: Масъулият бо рисолат тавъам аст

 

 

  Рӯзҳои охир  дар масири роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанок бориши  барфу борон пуршиддату давомдор  буда, дар ин замина тармафароӣ зиёд аст. Барои мисол, дирӯз кормандони “IRS” шаш тармаи хурду бузургро бартараф намуданд.  Чун ҳарвақта кормандони филиали Ширкат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд, то ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин бошад.

Бо дарки масъулият мегӯем, ки дар ҷода комёбем, зеро омодагии филиали Ширкат ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020- 2021 ҷиддӣ ва ҳамаҷониба аст. Барои фаъолияти муназзам дар фасли сармо 19820 тонна маводи зиддилағжиш, 89 тонна ангишт, қариб 300000 литр сӯзишворӣ ва дар ҳаҷми зарурӣ равғанҳои молиданиву сарулибоси зимистона захира шудааст.

  Касе наметавонад инкор кунад, ки маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарўзии кормандони “IRS”, бо вуҷуди бориши шадиди барфу борон ва тармафароӣ  роҳи мазкур умуман баста нест. Дар ин мавсим фаъолият шабонарӯзӣ роҳандозӣ шуда,  мунтазам тозакунии роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш меҳвар мебошад. Мавҷудияти 210 мошину техникаи замонавӣ барои нигоҳдории роҳ далели возеҳи собитқадам будани филиали Ширкат дар иҷрои рисолат маҳсуб мешавад.

Тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хохем дод то рафтуомади бемонеа ва муназзами шаҳрвандон тариқи роҳи автомобилгарди мавриди назар таъмин бошад, вале дар сурати ҷиддӣ ва беист будани хавфи тармафароӣ мо ба ҳеҷ ваҷҳ ҳавасманд нестем, ки ҳамватанони мо ба сафар бароянд, зеро ҳифзи ҳаёти онҳо бароямон аз дигар ҷанбаҳо афзалтар аст.

 Дар робита ба ин, ҳамкорӣ бо БДА ВКД, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ва тақвият бахшида шуд.

    Ба маълумоти ронандагони гиромӣ мерасонем, ки дар ин мавсим ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, риояи талабот ва меъёрҳои муқарраршудаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, аз  ҷумла, ба лавозимоти ҳимоявӣ (симтобаи кашолакунӣ, занҷир, болиштаки зиддиғелиш ва ғайра) муҷаҳҳаз будан  бояд мадди назарашон бошад .

   Боварӣ дорем, ки ронандагону мусофирони гиромӣ иқдомоти  мазкур, ки идомаи мантиқии ибтикори қаблан амалишуда дар самти таъмини ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт дар роҳи зикршуда маҳсуб мешаванд, бо  ҳамдигарфаҳмӣ муносибат хоҳанд кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо