Азми кормандон қавӣ буда, фаъолият шабонарӯзӣ аст

 

 

Роҳи Душанбе – Чанок, бо назардошти аз минтақи релефаш душвори кӯҳистон гузаштан аз офатҳои таббиӣ зиёдтар осебпазир буда,нигоҳдории он кори саҳлу сода нест.     Биноан, таваҷҷуҳи роҳбарият ва кормандони филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосӣ ба он равона шудааст, ки нигоҳдории роҳ дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ гардад. Дар робита ба бориши барф ва дигар ҳаводиси табиӣ роҳбарияти намояндагиҳои филиали Ширкат баҳри бартараф намудани он камари ҳиммат баста, бо ин мақсад кормандон ва техникаву механизмҳои зарурӣ  сафарбар мешаванд.

 Шурӯъ аз шоми дирӯз бориши барф дар масири роҳи автомобилгарди Душанбе -  Чанок беист ва пуршиддат буда, баландии барф дар баъзе минтақаҳо ба 50 сантиметр расид.Дар робита ба ҳолати баамаломада техникаву механизмҳои филиали Ширкат ба макони зарурӣ сафарбар шуда, фаъолият шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳоло роҳ кушода буда, вобаста ба зарурат ҳаракати автомобилҳои боркаши ядакдор ва "Фура"-ҳо муваққатан маҳдуд карда мешавад. Гуфтан бамаврид аст, ки ин иқдом барои эҷод нашудани монеа барои ҳаракати дигар нақлиёт амалӣ мегардад. Аз ронандагон хоҳишмандем, ки бидуни омодагие, ки  ба мавсими сармо хос аст, ба роҳ набароянд.

   Шоистаи зикр аст, ки фаъолияти асосии ширкат на дар плазаҳои толлингӣ, балки дар масири роҳи мошингард ба роҳ монда шудааст. Ҳар рӯз садҳо мутахассиси соҳибтаҷриба – устоҳои роҳ бо кумаки техникаи махсусгардонида ба тозакунии роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш машғул буда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд то ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин бошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо