Фаврӣ!
Чанд дақиқа пеш, баъд аз бартараф намудани тармаҳо, тоза кардани роҳ аз барф ва коркарди он бо маводи зиддилағжиш ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз самти Хуҷанд ба Душанбе оғоз гардид.
Кормандони филиали Ширкат ҷаҳд доранд, то дар давоми рӯз гузариши автомобилҳо аз ҳарду ҷониб имконпазир шавад.