Роҳи Душанбе  – Чанок. Кормандони «IRS» дар мавсими имсола бо харҷи 23000 тонна асфалт 152519,76 метри квадратии онро таъмир карданд

 

 

  Таъмири куллии роҳ масрафи зиёд дошта, дар ин замина роҳ пурра аз нав эъмор мешавад.   Аз далелу арқоми мавҷуда метавон хулоса кард, ки таъмиру таҷдид дар роҳу қисматҳои он дар фаъолияти филиали «IRS», далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст. Ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.

   Дар соли равон доираи фаъолият хеле васеъ гардида, бо ин мақсад зиёда аз 30 ҳазор тонна асфалт харҷ хоҳад шуд. Тибқи маълумоти дастрасшуда, то ин вақт кормандони «IRS» бо харҷи 22400 тонна асфалт 149519,76 метри квадратӣ роҳро таъмир карданд. Барои таъмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, се корхонаи истеҳсоли асфалти марбут ба филиали ширкат дар тавсеаи ин раванд саҳми бориз доранд.

  Бегуфтугӯ, фаъолияти пурмаҳсул ва масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкати мазкур дар қатори дигар дастовардҳои даврони истиқлолият, барои боз ҳам беҳтар шудани некуаҳволии сокинони мамлакат ва пешрафту тараққиёти иқтисоди миллии мо нақши басо муҳим бозид.

   Баробари ба фаъолият оғоз кардани  филиали Ширкат рафтуомади мусофирон ва боркашонӣ аз шимол ба ҷануби мамлакат ва баръакс, ҳаматарафа мусоиду осон ва албатта, арзон  гардид, ки дар шароити кунунӣ омили муҳим маҳсуб мешавад. Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки бориши бесобиқаи  солҳои охир барои роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба маънои томаш имтиҳони ҷиддӣ буд, ки бидуни муболиға онҳо ин имтиҳонро сарбаландона гузаштанд.

    Шоҳиди ҳол будем, ки сарфи назар аз бориши бошиддати барф  ва тармафароии беист, кормандони он фаъолияти худро шабонарӯзӣ ва ҳатто бо баҳои ҷони худ ба роҳ монда, тамоми кӯшишро ба харҷ доданд, ки ҳаракати муназзами воситаҳои нақлиёт таъмин бошаду мусофирону воситаҳои нақлиёти дар банди барф дармонда ба мавзеи бехавф интиқол шаванд.

Илова бар ин,  тӯли  фаъолияти Ширкати мазкур дар он зиёда аз 800 нафар ба ҷойи кор таъмин гардида, таҷрибаи худро доир ба нигоҳдории роҳ мунтазам такмил дода истодаанд. Ин, дар навбати худ, яке аз дастовардҳои соҳаи нақлиёт дар замони истиқлолият буда, мутахассисон қодиранд таҷрибаи андӯхтаи худро минбаъд дар татбиқи лоиҳаҳои дигар истифода намоянд.

 

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо