Омодагии «IRS» ба мавсими сармо ҷиддист
Бо фаро расидани фасли сармо тамоми идораву ташкилот ва шаҳрвандон пайи омодагӣ ба он камари ҳиммат мебанданд. Зеро айёми қаҳратуни сол мушкилоти зиёдеро ба дунбол дошта, дар сурати сари вақт омодагӣ надидан фаъолият ба мушкилӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд. Бо назардошти муҳимияти масъалаи мавриди назар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021” низ ба тасвиб расид.
Филиали ширкати саҳомии “Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш вогузор аст, ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дорад. То ин замон барои фаъолияти муназзам дар фасли сармо 14820 тонна маводи зиддилағжиш , 69 тонна ангишт, 151000 литр сӯзишворӣ (солярка ва бензин) ва дар ҳаҷми зарурӣ равғанҳои молиданиву сарулибоси зимистона захира шудааст. Илова ба ин, техникаҳои марбут ба филиали Ширкат бо шинаҳои зимистона таъмин гардида, ҳолати техникиашон ба талабот ҷавобгӯ аст.
Таҷрибаи фаъолият далели возеҳи он аст, ки маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарўзии кормандони Филиали Ширкат роҳи мазкур умуман баста набуд. Мавҷудияти 210 мошину техникаи замонавӣ барои нигоҳдории роҳ, ки аксарашон дар ҷумҳурӣ назир надоранд далели возеҳи он аст, ки ширкат дар иҷрои рисолат хеле фаъол аст.
Маҳз мавҷудияти ҳамин гуна техникаҳои пуриқтидор замина фароҳам овард, ки ҳатто рўзҳои сербориши фасли зимистон ва тармафароии зиёд ҳаракати нақлиёт аз тариқи роҳи зикршуда таъмин гардад.