Сафар бе омодагӣ маслиҳат нест!
Филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш вогузор аст, сарфи назар аз вазъи обу ҳаво, фаъолияташро чун ҳарвақта дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба роҳ мондааст. Борҳо гуфта будем ва иловатан таъкид менамоем, ки маҳз бетафовутии як идда ба тавсияҳои мо дар бобати бе омодагии ҷиддӣ ба роҳ набаромадан, худдорӣ кардан аз сафар бо воситаҳои нақлиёти бидуни тири пешбар, ба ҷой овардани эҳтироми ҳамдигар боиси ба вуҷуд омадани тамбашавӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқ мегардад.
Табиист, ки дар чунин ҳолат ашхоси аз асли масъала ноогоҳ борони маломатро сари филиали Ширкат мерезанд. Аз ҷониби дигар, дар ҳолати мазкур техникаҳои пуриқтидори филиали Ширкат наметавонанд сари вақт ба маконе, ки дар он ҷо боришот шадид аст, сафарбар шаванд.
Мутаассифона, ҳастанд нафароне, ки гуфтаҳои мазкурро ҷиддӣ қабул накарда, аксар маврид онро худсафедкунӣ арзёбӣ менамоянд.
Бамаврид аст ёдовар шавем, ки ҳамкории филиали Ширкат бо Вазорати нақлиёт, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ шудааст. Эътироф бояд кард, ки ба шарофати чунин ҳамкорӣ солҳои охир ҳодисаҳои зери тарма мондану ба ҳалокат расидани мусофирону ронандагон қариб, ки рух намедиҳад. Баъзеҳо иддао доранд, ки чун роҳи Душанбе – Чанок пулакӣ аст, бояд 24 соат кушода бошад. Андешае, ки ба он наметавон розӣ шуд, зеро филиали Ширкат дар баробари дигар уҳдадориҳо барои таъмини бехатарии ронандагону мусофирон низ масъулият дорад.
Мо наметавонем дар рӯзҳое, ки хавфи тармафароӣ хеле зиёд аст, бо иҷозаи ҳаракат додани гузариши воситаҳои нақлиёт ҳаёти ҳамватанонамонро зери хатар гузорем.
Бинобар ин, давоми ду соли охир дар асоси тавсия, пешгӯйӣ ва хулосаи Вазорати нақлиёт, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бозрасии давлатии автомобилӣ дар сурати зиёд будани хавфи тармафароӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҳавои ноустувор дар кишвар ҳушдор дода, таъкид намуда, буд дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво якбора паст шуда, боридани барф дар назар аст. Дар сомонаи ниҳоди мазкур зикр шудааст, ки “аз 18 ноябр то 21 ноябри соли 2020 ҳаво сард мешавад, дар водиҳо борон меборад ва он ба барфи тар бадал мешавад, дар баъзе минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳҳо барфи шадид меборад. Шамол дар як сония 17-22 метр мевазад. Дамои ҳаво рӯзона дар водиҳо то 6 ° С сард хоҳад буд.
Дар ин робита Кумита аз ронандагон тақозо кардааст, ки “ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ низ қоидаҳои бехатарӣ ва ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя намоянд”.
Ҳамрадиф бо ин ба ронандагоне, ки дар чунин рӯзҳо қасди сафар доранд, маслиҳат додаанд, ки :
“- мошини худро тафтиш кунед, ки нуқсе надошта бошад;
- батареяи акумляторро иваз кунед;
- чархҳои тобистониро бо зимистона табдил кунед, мошинҳои боркаши калонро бо занҷирҳои зидди яхбандӣ таъмин намоед, вақте мехоҳед ба сафар бароед, худро омодаи ҳар гуна офатҳо дар роҳҳоӣ куҳӣ кунед;
- дар бордони мошинатон сарулибоси гарм, фонус, бели хурд, трос, бушкаи эҳтиётии пур аз сӯзишворӣ, гӯгирд, термоси пур аз об ё чойи гарм гузоред;
- дорухонаи мошинатонро нав кунед;
- бо суръате мошин ронед, ки бехатариро дар ҷойҳои сермошину серодам, назди мактабҳо, хамгаштҳо, пулҳо ва нишебиҳо таъмин созад;
- ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои куҳӣ назар аз ҳолатҳои маъмулӣ масофаро бештар риоя кунед, хеле дур аз мошинҳои дигар ҳаракат кунед, то дар ҳоли зарурат тавонед мошини худро бехтар нигоҳ доред, бахусус дар роҳҳои лағжонак мушкилоти ҳаракат бештар аст;
- агар шумо натавонистед мошинатонро ба зимистон омода созед ва ё ин гуна имкон надоред, пас хуб мешуд аз сафарҳо худдорӣ варзед;
- тавсияҳои кормандони ВКД, КҲФ-ро дар мавриди маҳдуд намудани ҳаракати мошинҳо дар қитъаҳои ҷудогонаи роҳ ҳангоми мавҷудияти эҳтимолияти лағзиши трама, сангрезиш иҷро намоед;
- ҳаракатро шабонгаҳон маҳдуд кунед”.
Бо назардошти гуфтаҳои боло, аз ронандагон хоҳиш менамоем, ки бидуни омодагие, ки фасли сармо тақозо дорад ва бо автомобилҳое, ки тири пешбар надоранд ба роҳ набароянд, зеро дар баробари он ки худашон ба мушкил мувоҷеҳ мегарданд, ҳамзамон ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод менамоянд.
Боварӣ дорем, ки ронандагону мусофирони гиромӣ ба иқдомоти филиали Ширкат, ки идомаи мантиқии ибтикори дар самти таъмини ҳаракати муназзаму бехатари воситаҳои нақлиёт қаблан амалишуда маҳсуб мешавад, дар заминаи ҳамдигарфаҳмӣ муносибат хоҳанд кард.