Хабарҳо

Азми қавӣ ва нияти нек калиди мушкилҳост

Моҳи июли соли 2006 азнавсозии яке аз шоҳроҳҳои муҳими мамлакат, ки қисматҳои ҷанубу шимоли Тоҷикистонро ба ҳам пайванд намуд, оғоз гардид. Моҳиятан бо азнавсозии шоҳроҳи Душанбе — Айнӣ — Истаравшан — Хуҷанд — Бӯстон — Чанок он бо роҳи байналмилалии Қароқурум — Кулма — Хоруғ — Кӯлоб — Душанбе пайванд гардида, яке аз қисматҳои асосии Роҳи бузурги абрешим эҳё шуд. Муҳимтар аз ҳама, бо бунёд ва ба меъёрҳои байналхалқӣ мутобиқ гардонидани он на танҳо ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар ҳама фасли сол байни пойтахти мамлакат ва вилояти Суғд таъмин гардид

Муфассалтар...
АФЗАЛШОҲИ ШОДӢ: «IRS БА РОНАНДАГОН МОҲИЯТАН МОШИН ТУҲФА КАРД»

 Ба наздикӣ аз тариқи роҳи Душанбе – Чанок сафар доштам. Дар яке аз минтақаҳо куҳпора лағжида буду, кормандони БДА гуфтанд, ки эҳтимол роҳ дертар кушода шавад. Ҳамон замон масъули филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории ин роҳ ба зиммаашон вогузор аст, наздамон омаду бо қатъият гуфт, ки дар давоми 15 дақиқа роҳ мекушоянд ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Муфассалтар...
«IRS» андешаро дар мавриди нигоҳдории роҳ куллан тағйир дод

Таъмиру таҷдид аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳсуб шуда, муносибат ба он хоса аст. Бо фаро расидани мавсими гармо дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон  ва Суғд таъмири роҳ шурӯъ шуда буд. Муҳимтар аз ҳама, барои таъмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, се корхонаи истеҳсоли асфалти марбут ба филиали Ширкат дар тавсеаи ин раванд саҳми бориз доранд.

Муфассалтар...
РОҲНАМО БАРОИ РОНАНДАГОН: Пардохти ғайринақдӣ ба маънои томаш кумакрасони беминнат аст

Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, дар давоми рӯзҳои охир кормандони филиали Ширкат фаъолияташонро ҷиҳати  зиёд намудани пардохти ғайринақдӣ ҳангоми гузариши воситаҳои нақлиёт аз тариқи плазаҳои толлингии филиали Ширкат тавсеа бахшиданд. Гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешниҳоди кортҳои электронӣ  ва зиёд намудани хатсайрҳои экспресс аз корҳои дар робита ба ин масъала амалишуда ба ҳисоб мераванд.

Муфассалтар...
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН!

Бо мақсади тавсеа бахшидани пардохти ғайринақдӣ ва нисбатан қулай намудани гузариши воситаҳои нақлиёт аз тариқи плазаҳои толлингӣ аз шумо хоҳиш менамоем, ки ба мутахассисони филиали Ширкат, ки дар ҳар плаза қарор доранд, муроҷиат ва аз ин намуди хидматрасонӣ истифода намоед. 

Муфассалтар...
ШАРТНОМАҲОИ КОНСЕССИОНӢ. ЧАРО ЯК ИДДА БАРТАРИҲОИ ОНРО «БО ДОМАН ПӮШОНИДАНИАНД»?

Бидуни тамаллуқ ва муболиға метавон гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати ҷумҳурӣ, Маҷлиси Олӣ ва дигар сохторҳои зидахл тавонистанд маҷмӯи қонунгузории кишварро дар соҳаи соҳибкорӣ такмил дода, навсозии истеҳсолот ва равандҳои технологӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва тақвияти ҳамкориҳои давлатро бо бахши хусусӣ таъмин намоянд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо» аз ҷумлаи ҳамин қонунҳо буда, муносибатҳои вобаста ба консессияро танзим намуда, салоҳияти мақомоти давлатӣ, шарт ва тартиби ба консессия додани объектҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои консессиядор

Муфассалтар...
Дар минтақаи Варзоб 11 километр роҳ таъмири куллӣ мешавад

Чанд рӯз аст, ки таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чанок, хоса дар минтақаи Варзоб аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  босуръат идома дошта, бо ин мақсад зиёда аз 40 техникаву механизм ва 130 корманд ҷалб гардидаанд. Тибқи талаботи бахши роҳсозӣ дар навбати аввал асфалти осебдидаи роҳ бартараф, минтақаҳои фурурафта барқарор ва сипас роҳ яклухт асфалтпӯш карда мешавад. 

Муфассалтар...
Вуруди 15 номгӯйи нави техникаву механизм ба Парки техникии “IRS”

Имрӯз ба Парки техникии филиали Ширкат “IRS” 15 номгӯйи нави техникаву механизмҳои махсусгардонидашуда, ки бо мақсади дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ намудани таъмир ва нигоҳдории роҳ харидорӣ шудаанд, ворид гардид. Онҳо намунаи беҳтарини чунин техникаҳо маҳсуб шуда, аз техникаҳо барои бартараф намудани асфалти осебдида ва хобонидани асфалти нав, мошинҳои калони боркаш ва ғайра иборат мебошанд.

Муфассалтар...
БАНКОМАТУ POS – ТЕРМИНАЛҲО ДАР МАСИРИ ДУШАНБЕ – ЧАНОК

Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромад, яке аз роҳҳои бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, таҳрикбахши рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо назардошти ин омил, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019 -2021 “Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид.

Муфассалтар...
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо