ШАРТНОМАҲОИ КОНСЕССИОНӢ. ЧАРО ЯК ИДДА БАРТАРИҲОИ ОНРО «БО ДОМАН ПӮШОНИДАНИАНД»?
Бидуни тамаллуқ ва муболиға метавон гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар Ҳукумати ҷумҳурӣ, Маҷлиси Олӣ ва дигар сохторҳои зидахл тавонистанд маҷмӯи қонунгузории кишварро дар соҳаи соҳибкорӣ такмил дода, навсозии истеҳсолот ва равандҳои технологӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ва тақвияти ҳамкориҳои давлатро бо бахши хусусӣ таъмин намоянд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо» аз ҷумлаи ҳамин қонунҳо буда, муносибатҳои вобаста ба консессияро танзим намуда, салоҳияти мақомоти давлатӣ, шарт ва тартиби ба консессия додани объектҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои консессиядор, иҷро ва муҳлати шартномаи консессия, инчунин кафолати дастгирии фаъолияти консессиониро муайян менамояд.
Тибқи талаботи қонуни фавқ, фаъолияти консессионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо наазардошти манфиатҳои миллӣ дар асоси принсипҳои қонуният, фоидаи тарафҳо, дахолат накардан ба фаъолияти хоҷагидории консессиядор, ки дар доираи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодабарӣ ва ҳифзи табиат, қаъри замин, об, ҳавзаи дарёҳо ва кӯлҳо, бехатарии экологӣ ва санитарию гигиенӣ, суғурта, таъминоти иҷтимоӣ ва ҳифзи меҳнат сурат мегирад. Ҳамзамон бо ин, консессиядор уҳдадор аст, ки шартҳои шартномаи консессиониро риоя намояд, фаъолияти хоҷагии худро танҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи консессионӣ амалӣ намояд, баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад, молу мулк ва объектҳоеро, ки дар асоси шартнома ба ӯ дода шудаанд, дар муҳлати муқарраршуда ба конседент баргардонад, инчунин баъди анҷоми муҳлати амали шартномаи консессионӣ ва ё қатъ шудани он молу мулки худро ихтиёрдорӣ намояд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи меҳнат, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист риоя намояд ва дигар уҳдадориҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, иҷро намояд.
Дар доираи талаботи қонуни мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои муътабари хориҷӣ ду шартномаи консессионӣ бастааст, ки натиҷаҳои ин иқдом қобили таваҷҷуҳанд. Мутаассифона, баъзе нафарони «аз ҳама кас ва ҳама чиз норозӣ» моҳият ва бартариҳои татбиқи ин шартномаҳоро нодида гирифта, аксар маврид «офтобро бо доман пӯшонидан» мехоҳанд. Биноан, дар матлаби мазкур натиҷаҳои ин шартномаҳоро таври мухтасар бозгӯйӣ менамоем. Ҳамватанони азиз хуб дар хотир доранд, ки соли 2002 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати энергетикии «Помир энержи» шартномаи консессионӣ ба муҳлати 25 сол ба имзо расид, ки он ба пешрафти минбаъдаи ин корхона такони бузург бахшид. Яке аз мақсадҳои ин шартнома дар тӯли 25 сол аз нав таҷдиду барқароркунии тамоми шабакаҳои ҳудуди ВМКБ аз ҷониби Ширкати энергетикии «Помир энержи» аз зердастгоҳ то барқароркунии хатҳои пастшиддату баландшиддат иборат буд. Ҷоиз ба зикри алоҳида, аст, ки ширкат дар амалӣ гардидани шартномаи мавриди назар ба комёбиҳои зиёд ноил гаштааст. Тибқи иттилои дастрасшуда, то ба имрӯз 31 фоизи воситаҳои асосии ба ширкат тааллуқдошта пурра азнавсозӣ гашт. Масъулин муътақиданд, ки агар садамаи соли 2007 рух намедод, то ба имрӯз шояд 80 дарсади бандҳо ба иҷро мерасид.
Шартномаи дигари консессионӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» баста шудааст. Дар асоси ин шартнома аз соли 2008 таҳти рақами №33-1 механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок ҷорӣ гардид. Дарозии умумии лоиҳавии роҳи Душанбе- Чанок 358 километрро ташкил дода, масири он аз 3 нақб («Майхӯра» - 897 метр, «Истиқлол» - 4998 метр, «Шаҳристон» -5253 метр), 24 галерея, ҳамчунин 38 кӯпрук иборат аст. Ин роҳи мошингард маркази мамлакатро бо шимоли он мепайвандад. Шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар замони соҳибистиқлолии кишварамон бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидани мамлакат иқдомоти зиёд амалӣ шуданд. Яке аз чунин иқдомот, ки дар самти раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ саҳми бориз дорад, таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе-Чаноқ мебошад.
Муҳим он аст, ки «IRS» барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани вазифаҳояш имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидорро доро буда, аз онҳо самаранок истифода намуда истодааст. Барои мисол, айни замон теъдоди техникаҳои филиали Ширкат зиёда аз 200 ададро ташкил дода, имкон фароҳам аст, ки нигоҳдории шоҳроҳ тибқи талаботи мавҷуда амалӣ шавад. Бояд гуфт, ки нигоҳдории роҳ аз лиҳози моҳият аз бунёди он камтар набуда, масъулиятшиносӣ, мавҷудияти техникаву таҷҳизоти замонавӣ, мутахассисони болаёқат, азми қавӣ ва нияти некро тақозо менамояд. Корҳои ба таъмиру таҷдид рабтдошта дар раванди нигоҳдории роҳ падидаи маъмул ба ҳисоб рафта, хароҷоти зиёди маблағ ва сарфи неруи зеҳниву ҷисмонии кормандонро тақозо дорад. Аз далелу арқоми мавҷуда метавон хулоса кард, ки таъмиру таҷдид дар фаъолияти филиали «IRS» ба раванди муттасил табдил ёфта, далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти он аст. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Ҳамватанони азиз хуб медонанд, ки бинобар дар минтақаи релефаш душвори кӯҳистон ҷойгир будан, шоҳроҳи мавриди назар аз офатҳои табиӣ зиёдтар осеб мебинад. Табиист, ки ин омил масъулияти кормандони филиали Ширкатро дучанд намуда, аз онҳо чораандешиҳои фавриро ҷиҳати рафъи пайомадҳои офатҳои табиӣ тақозо менамояд.
Аз ин нуктаи назар, бидуни муболиға метавон гуфт, ки маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсул ва шабзиндадориҳои кормандони «IRS» ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи мазкур таъмин аст. Далелҳо баёнгари онанд, ки ибтикори Ҳукумати кишвар дар робита ба бастани шартномаҳои консессионӣ муҳиму саривақтӣ буда, натиҷаҳояш ба ҳама баръалост. Баъзан аз ҷониби баъзе коршиносон андешае баён мегардад, ки гӯё филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андозҳо озод бошад. Бо дарки масъулият мегӯем, ки ин андеша билкул хато аст. Таъмиру таҷдид меҳвари фаъолияти кормандони филиали Ширкат маҳсуб шуда, дар ин ҷода корҳои зиёд ба сомон расидааст. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Ширкати мазкур тӯли фаъолият ҳамасола зиёда аз 40 километри роҳро таъмири асосӣ ва зиёда аз 100 километрро таъмири ҷорӣ менамояд. Шоистаи зикр аст, ки аз оғози фаъолият то имрӯз даҳҳо кӯпрукҳои масири роҳ низ таъмири ҷорӣ ва ду кӯпрук аз нав сохта, ба истифода дода шудааст. Ба ғайр аз ин, дар масофаи 10000 метр деворҳои ҳимоявӣ ва дар даҳҳо километр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шудаанд.
То имрӯз дар филиали Ширкати мазкур зиёда аз 800 нафар ба кор ҷалб шудаанд, ки ин омил барои паст намудани шиддати бекорӣ дар мамлакат то андозае саҳмгузор аст. Дар баробари дигар омилҳое, ки моҳияти инсондӯстиро дар худ таҷассум намудаанд, аз ҷониби филиали Ширкат ба зиёда аз 3000 нафар аҳолии деҳаҳои ҳамшафати роҳ имтиёзҳо муқаррар кардан аст. Ҳамрадиф бо ин, кормандони филиали Ширкат ва техникаҳои пуриқтидори он дар бартараф ва пешгирӣ кардани офатҳои табиии ноҳияҳои ҳамшафати роҳ саҳми сазовор гузошта, ин амалҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ин ноҳияҳо мавриди арҷгузорӣ қарор гирифтааст.
Боиси ифтихор аст, ки филиали Ширкат аз ҷониби ширкатҳои ватаниву хориҷӣ эътироф гардида, ҳамкориро бо Ассосиатсияи байналмиллалии пулҳо, туннелҳо ва роҳҳои пулакии автомобилгард, Агентии ҷопонии кооператсияи байналмиллалӣ, Бонки Рушди Осиё, Бонки Ҷаҳонӣ, Шӯрои байнидавлатии роҳсозони ИДМ ва ғайра густурда ба роҳ мондааст. Бо мақсади густариш бахшидани таъмиру таҷдид дар масири шоҳроҳи Душанбе –Чанок се корхонаи истеҳсоли мумқир (асфалт) бунёд гардид. Азми қавӣ ва нияти неки роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат замина фароҳам овард, ки дар як муддати кӯтоҳ ин корхонаҳо мавриди истифода қарор гиранд. Дар маҷмӯъ бо итминони комил метавон гуфт, ки баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва дар ин замина мутобиқ намудани он ба талаботи байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар ин ҷода мунтазам чораандешӣ мешавад.