Дар минтақаи Варзоб 11 километр роҳ таъмири куллӣ мешавад
Чанд рӯз аст, ки таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чанок, хоса дар минтақаи Варзоб аз ҷониби филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон босуръат идома дошта, бо ин мақсад зиёда аз 40 техникаву механизм ва 130 корманд ҷалб гардидаанд. Тибқи талаботи бахши роҳсозӣ дар навбати аввал асфалти осебдидаи роҳ бартараф, минтақаҳои фурурафта барқарор ва сипас роҳ яклухт асфалтпӯш карда мешавад. Ба шарофати масъулиятшиносӣ ва меҳнати пурмаҳсули кормандони филиали Ширкати зикршуда дар муддати кутоҳ асфалти роҳ дар қитъаҳои вайроншудаи роҳ бартраф гардида, мумфаршкунии яклухти роҳ оғоз гардид.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки таъмири роҳ тибқи талаботи мавҷуда ва бо истифода аз асфалти босифат ва дигар масолеҳии сохтмонӣ фараён дошта, мутахассисони ширкати хитойии “Чайна Роуд” ба ҳайси машваратчӣ ҷалб шудаанд. Муҳим он аст, ки 3 корхонаҳои асфалти марбут ба филиали Ширкат фаъолияти пурмаҳсул дошта, ин омил имкон фароҳам овардааст, ки таъмири асосӣ ва ҷории роҳ дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шавад.
Тибқи нақша бояд танҳо дар минтақаи Варзоб 11 километр роҳ бояд таъмири куллӣ ва қисмати боқимонда таъмири ҷорӣ шавад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки бо ин мақсад бояд зиёда 16000 тонна асфалт харҷ шавад. Иқдоми мазкур идомаи мантиқии ибтикори қаблӣ буда, шаҳодати он аст, ки азми роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат баҳри нигоҳдории роҳи мавриди назар қавӣ ва нияташон нек аст. Бо мақсади эҷод накардани монеа, босуръат ва дар сатҳи хубу сифати баланд пеш рафтани ин раванд шурӯъ аз 29 майи соли равон то анҷоми таъмири роҳ аз соати 9:00 то 20:00 ҳааркати тамоми намуди нақлиёти боркаш боздошта шуд.
Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки таъмиру таҷдид аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, муносибат ба он хоса аст. Масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкат дар робита ба ин масъала хеле баланд буда, баробари ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар роҳи Душанбе-Чанок бетаъхир чораандешӣ мешавад.
Дар мавсими имсола доираи фаъолият хеле васеъ гардида, тасмим гирифта шудааст, ки зиёда аз 50 километр роҳ таьмири куллӣ ва зиёда аз сад километр таъмири ҷорӣ шавад. Илова бар ин, дар ояндаи наздик пурра нав намудани пироҳани роҳ (манзур асфалти роҳ аст) аз авлавиятҳои роҳбарияти филиали Ширкат мансуб мешавад.
Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар ин, роҳбарияти филиали Ширкат дар ин самт собитқадам мебошанд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштан ба иҷрои рисолат маҳсуб мешавад.
Лозим ба ёдоварист, ки бо фаро расидани мавсими гармо дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд таъмири роҳ шурӯъ шуд. Муҳимтар аз ҳама, барои таьмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шудааст. Ба касе пӯшида нест, ки роҳи Душанбе – Чанок, ки қисмати зиёдаш аз минтақаҳое мегузарад, ки аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир аст. Кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилро мадди назар доранд ва дар ин ҷода фаъолияташонро тавсеа бахшидаанд.
Дар маҷмӯъ, роҳбарияти филиали Ширкат бо дарки муҳимияти масъалаи мавриди назар фаъолияташонро дар ҳама самт, аз ҷумла харидории техникаву механизмҳои махсусгардонидашуда вусъат бахшида, корҳои зиёдеро ба сомон расониданд.
Бо хулосабарорӣ аз корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатовар, тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе – Чанок дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади мунтазаму бемонеа ва бехатари шаҳрвандон тариқи он дар тамоми фаслҳои сол таъмин аст.
Ҳоло зиёда аз 800 нафар дар филиали Ширкат фаъолият доранду маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсули онҳо роҳи Душанбе – Чанок мунтазам кушода аст. Ашхоси огоҳ медонанд, ки таъмири куллии роҳ масрафи зиёд дошта, дар ин замина роҳ пурра аз нав эъмор мешавад. Ҳамрадиф бо роҳандозии фаъолият дар сатҳи хуб ва сифати баланд, аз ҷониби филиали Ширкат ба масъалаи ободонӣ, ки дар навбати аввал ба таъмини бехатарии мусофирону ронандагон рабт дорад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст.
Ҳамарӯза садҳо мутахассисони соҳибтаҷриба – устоҳои роҳ бо кумаки техникаи махсусгардонидаи Ширкат ба тозакунӣ, таъмир машғул буда, ҳар як ваҷаби роҳро ҳифз мекунанд, то сифати он барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад. Ҳар се километри роҳ ба як коргар, ки бо либосҳои зимистонаву тобистона, асбобҳои корӣ, воситаҳои мухобиротӣ (алоқа) таъмин карда шудааст, вобаста гардидааст. Коргарон дар навбати худ муваззаф гардидаанд то қисмати ба онҳо вогузоштаро чун гавҳараки чашм нигоҳубин кунанд.
Нуктаи муҳим он аст, ки «IRS» барои дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи талаботи бахши роҳсозӣ амалӣ намудани вазифаҳояш имконият ва шароити зарурӣ, аз қабили мутахассисони болаёқат, корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таҷҳизоти замонавӣ, техникаҳои пуриқтидор дошта, аз онҳо самаранок истифода намуда истодааст.