«IRS» андешаро дар мавриди нигоҳдории роҳ куллан тағйир дод
Таъмиру таҷдид аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, муносибат ба он хоса аст. Бо фаро расидани мавсими гармо дар минтақаҳои Варзоб, Зарафшон ва Суғд таъмири роҳ шурӯъ шуда буд. Муҳимтар аз ҳама, барои таъмири роҳ мутахассисони ҳирфаӣ ва техникаву механизмҳои замонавӣ ҷалб шуда, се корхонаи истеҳсоли асфалти марбут ба филиали Ширкат дар тавсеаи ин раванд саҳми бориз доранд. Масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкат дар робита ба ин масъала хеле баланд буда, баробари ба вуҷуд омадани вайроншавии кучактарин дар роҳи Душанбе – Чанок бетаъхир чораандешӣ мешавад.
Дар мавсими имсола доираи фаъолият хеле васеъ гардида, тасмим гирифта шудааст, ки зиёда аз 70 километр роҳ таьмири куллӣ ва садҳо километр таъмири ҷорӣ шавад. Илова бар ин, дар ояндаи наздик пурра нав намудани пироҳани роҳ (манзур асфалти роҳ аст) аз авлавиятҳои роҳбарияти филиали Ширкат мансуб мешавад.
Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки таъмири куллӣ аз лиҳози моҳият ва хароҷот аз бунёди роҳ кам нест. Сарфи назар ин, роҳбарияти филиали Ширкат дар ин самт собитқадам мебошанд, ки далели бебаҳси масъулиятшиносӣ ва муносибати дуюмдараҷа надоштан ба иҷрои рисолат аст.
Бо хулосабарорӣ аз корҳои анҷомёфта метавон гуфт, ки мавҷудият ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатовар, тақозои замон буда, маҳз ба шарофати фаъолияти пурмаҳсули кормандони он роҳи Душанбе – Чанок дар ҳолати хуб қарор дошта, рафтуомади мунтазаму бемонеа ва бехатари шаҳрвандон тариқи он дар тамоми фаслҳои сол таъмин аст. Ёдовар бояд шуд, ки ҳанӯз дар марҳилаи аввали фаъолият барои дар сатҳи хуб ва сифати баланд пеш бурдани фаъолият зиёда аз даҳҳо миллион доллари ИМА сармоягузорӣ шуда, минбаъд ин нишондиҳанда ба маротиб афзоиш ёфта, дар ин замина пойгоҳи техникии филиали Ширкат ба 200 техникаву механизм расонида шуда, дар ҳар минтақа корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардид. Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла «Тексидел» дар раванди фаъолият таври густурда технологияи муосир мавриди истифода қарор гирифта, ин раванд бемайлон идома дорад.
Матолиби дар ВАО нашршуда аз он шаҳодат медиҳад, ки дар давоми чор соли охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд. Ҳамрадиф бо ин, пешниҳод шуда буд, ки механизми пулакии истифодаи роҳ дар дигар роҳҳои мамлакат низ мавриди истифода қарор гирад.
Омили дигари муҳим он аст, ки дар давоми солҳои охир, сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявӣ, болоравии сатҳи таваррум ва амалӣ гардидани як силсила ибтикор, аз ҷумла, бунёди плазаҳои нав, харидории техникаҳои пуриқтидор, бунёди корхонаҳои истеҳсоли асфалт, таъмири асосии зиёда 100 километр роҳ, Ширкат ба боло бурдани тарофаҳо иқдом накард.
Дар маҷмӯъ, фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар боло рафтани сатҳи хизматрасонии ба бахшҳои роҳу нақлиёт рабтддошта мусоидат намуд, балки андешаи моро дар мавриди нигоҳдории роҳ ба маънии мусбат дигар кард.