АФЗАЛШОҲИ ШОДӢ: «IRS БА РОНАНДАГОН МОҲИЯТАН МОШИН ТУҲФА КАРД»

 

 Ба наздикӣ аз тариқи роҳи Душанбе – Чанок сафар доштам. Дар яке аз минтақаҳо куҳпора лағжида буду, кормандони БДА гуфтанд, ки эҳтимол роҳ дертар кушода шавад. Ҳамон замон масъули филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории ин роҳ ба зиммаашон вогузор аст, наздамон омаду бо қатъият гуфт, ки дар давоми 15 дақиқа роҳ мекушоянд ва ҳамин тавр ҳам шуд. Дар як муддати кутоҳ техникаву механизмҳои иловагии «IRS» ба ин макон расиданд ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт имконпазир гардид. Бояд гӯям, ки аз онҳое ҳастам, ки хеле зиёд аз ин роҳ истифода мебурдаму мебарам. Ба хотирам омад, ки дар гузаштаи на чандон дур ин роҳи аҳамияти стратегидошта дар ҳолати ногувор қарор дошт. Шоҳидони ҳол хуб медонанд, ки пештар роҳи мазкур дар давоми сол 6-7 баста буд. Ронандагону мусофирон ба мушкилии зиёд мувоҷеҳ мешуданд. Ҳатто ҳолатҳое буданд, ки одамон ҳалок мешуданд, дар маросими дафни азизтарин ашхос иштирок карда наметавонистанд ва ғайра. Чунин мисолҳо ҳақиқати бебаҳс буда, касе наметавонад онҳоро инкор кунад. Фаромӯш накардаем, ки пештар барои то нуктаи ниҳоии ин масир рафтан 13 соат вақт лозим буд. Ҳоло бошад, дар 4 – 5 соат ин масофаро тай кардан имконпазир гардидааст. Бидуни тамаллуқ мегӯям, ки истифода аз чунин роҳҳои обод барои мо танҳо орзу буду халос… Бояд эътироф намоем, ки имрӯз бо шарофати фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» чунин хароҷот ва хатарҳо бартараф шуда, маҳз дар заминаи ҷаҳду талош ва меҳнати шабонарӯзии кормандони филиали ин Ширкат шурӯъ аз марҳилаи оғози фаъолияташ инҷониб роҳи мазкур, ба истиснои чанд рӯз, он ҳам дар мавсими тармафароӣ умуман баста нест. Аз ҷониби дигар, ҳолати ногувори роҳ боис мегардид, ки воситаҳои нақлиёт хеле зиёд осеб бинанд. Табиист, ки барои таъмири воситаҳои нақлиёт шаҳрвандон маблағҳои зиёд харҷ менамуданду бар замми ин вақташон барабас мерафт. Аз ин нуктаи назар метавон гуфт, ки «IRS” бо масъулиятшиносии худ моҳиятан ба ронандагоне, ки дар масир зиёд ҳаракат мекунанд моҳиятан як автомобили дигар туҳфа кардааст. Бо кушодан шудани сарҳад бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон рафтуомади шаҳрвандон хеле зиёд гардида, табиист, ки тақвияти муносибатҳо нақши роҳ, хоса роҳи Душанбе – Чанок арзанда аст. Хуб дар хотир дорам, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо завқу идроки хоси сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ хеле дақиқкорона ин вазъиятро эҳсос намуда, гуфта буданд, ки «… яке аз масъалаҳои мушкили Тоҷикистон роҳ, аниқтараш, бероҳӣ мебошад. Истиқлоли иқтисодиро бе бунёди роҳҳои мошингард, хусусан, роҳҳо ва пулҳое, ки Тоҷикистонро бо дигар мамлакатҳо мепайванданд, тасаввур кардан душвор аст». Биноан, Пешвои миллат аҳли кишварро бо азми қатъӣ ба сохтмону созандагӣ, эҳёи роҳу пулу иншооти инфрасохтори роҳдорӣ, ободониву бунёдкорӣ дар ҳама соҳаҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаи роҳу нақлиёт, даъват карда, Ҳукумати кишварро муваззаф намуданд, то ҷиҳати бунёди инфрасохторе, ки Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ мебарорад, тадбирҳои зарурӣ андешад. Гузашти вақти на он қадар зиёд ва ҳаводиси ба вуқуъпайваста, аз ҷумла, кушодашавии сарҳад бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон собит намуд, ки ин Абармард дар ҳама масоил дурандешанд. То ҷое медонам «IRS» дар нигоҳдории роҳ фаъол буда, пойгоҳи техникии филиали Ширкат ба 200 техникаву механизм расонида шуда, дар ҳар минтақа корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардидааст. Бо ду чашми сар дида истодаем, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд. Муҳимтар аз ҳама, зиёда аз 800 нафар дар филиали Ширкат фаъолият доранду маҳз ба шарофати меҳнати пурмаҳсули онҳо роҳи Душанбе – Чанок мунтазам кушода аст. Онҳое, ки бо ин роҳ сафар мардаанд медонанд, ки ҳамарӯза садҳо мутахассисони соҳибтаҷриба – устоҳои роҳ бо кумаки техникаи махсусгардонидаи Ширкат ба тозакунӣ, таъмир машғул буда, ҳар як ваҷаби роҳро ҳифз мекунанд, то сифати он барои солҳои тӯлонӣ нигоҳ дошта шавад. Чунин тарзи кор аз он шаҳодат медиҳад, ки ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад. Дар маҷмӯъ, фаъолияти пурмаҳсули филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон исботи он аст, ки ба шарофати тақвияти ҳамкориҳои давлат бо бахши хусусӣ метавон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Афзалшоҳи Шодӣ, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо