Хабарҳо

Роҳкушоӣ бо баҳои ҷон

Ногуфта пайдост, ки роҳи Душанбе – Чанок бинобар аз минтақаи нисбатан зиёдатар осебпазир аз офатҳои табиӣ  гузаштан махсусиятҳои худро дорад. Ҳарчанд дар паҳноиҳо бориши барф  охири моҳи январ шурӯъ гардид, вале дар масири роҳи мавриди назар аз шашуми октябри соли гузашта оғоз шуда буд.   Месазад аз он ёдовар шавем, ки дар давоми фаъолияти зиёда аз 10-солаи филиали Ширкат 9 корманди он ҳангоми иҷрои рисолат зери тарма монда, ҳалок шуданд. 

Муфассалтар...
Такрори соли 2005 дар Тоҷикистон. Барфи файзбор ва хатарнок

Ҳавошиносон мегӯянд, захираҳои барф дар кӯҳҳои Тоҷикистон имсол ба ҳадде зиёд шуд, ки дар 14 соли ахир дида нашудааст. Бориши барфи зиёд барои Тоҷикистон, ки саргаҳи аслии об дар тамоми Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад, фавқуллода муҳим аст, ҳарчанд фалокату хисороти зиёдеро дар пай дорад. Абдуёқуб Шоев, муовини сардори Маркази яхшиносӣ дар Оҷонсии обуҳавосанҷӣ дар Тоҷикистон рӯзи 18-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар Майхура, дар куҳҳои Варзоб ва начандон дур аз Душанбе барф аз 2 метр ҳам баланд аст.”

Муфассалтар...
Ҳамдигарфаҳмӣ дар рафъи мушкилот муҳим ва муфид аст

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, субҳи имрӯз бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва бениҳоят зиёд будани хавфи тармафароӣ дар асоси муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз километри 47 - уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шуд. Бамаврид аст зикр созем, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз шаҳри  Хуҷанд ба шаҳри Паҷакент ва навоҳии Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ  таъмин аст.

Муфассалтар...
Шанбегиҳо ба тавсеаи ободкорӣ мусоидат мекунанд

Доир намудани шанбегиҳо дар раванди фаъолияти филиали Ширкат падидаи нав набуда, ин кори хайр ба ҳукми анъана даромадааст.  Муҳимтар аз ҳама, дар ин замина корҳои зиёди ба ободониву созандагӣ рабтдошта амалӣ шуда, ин раванд бемайлон густариш ёфта истодааст. 

Муфассалтар...
ФАВРӢ!

Чанд лаҳза пеш ҳаракати воситаҳои нақлиёт (ба ғайр аз нақлиёти ядакдор ва "Фура" - ҳо) аз тариқи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ, ки субҳи имрӯз дар асоси муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат муваққатан боздошта шуда буд, аз нав иҷозат дода шуд. Ҳоло ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз самти Хуҷанд ба Душанбе роҳандозӣ шуда, дар наздиктарин фурсат ҳаракати автомобилҳо аз Душанбе ба самти Хуҷанд имконпазир хоҳад гашт.

Муфассалтар...
ТАВАҶҶУҲ! 

Бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва бениҳоят зиёд будани хавфи тармафароӣ дар асоси муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз километри 47 - уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шуд. 

Муфассалтар...
БОРИШИ БЕИСТ ВА ШАДИДИ БАРФ МОНАЕИ ФАЪОЛИЯТ НАМЕШАВАД

Ҳамватанони азиз аз иттилои дар расонаҳо пахш ва нашршуда огоҳанд, ки шурӯъ аз имрӯз вазъи обу ҳаво бад шуда, дар давоми рӯзҳои минбаъда бориши пуршиддати барф падидаи маъмул хоҳад буд.  Бо дарназардошти дар минтақаи релефаш душвор ҷойгир будани роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ нисбатан аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир буда, айни замон аз километри 57 то 73 ва 148 - 160- ум бориши шадид ва беисти барф идома дорад. 

Муфассалтар...
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОНУ МУСОФИРОН!

Борҳо гуфта будем ва иловатан таъкид менамоем, ки Шӯрои нозирон ва роҳбарияти филиали Ширкат ҳама вақт ҳавасманди тавсеаи равобит бо аҳли ҷомеа буданду ҳастанд.  Бо ин мақсад корҳои зиёд амалӣ шуда, ин раванд бемайлон густариш ёфта истодааст.  Бо мақсади бетаъхир чораандешӣ намудан ҷиҳати аз байн бурдани монеаҳо ( манзур тармафароӣ, сангрезӣ, омадани сел, лағжиши куҳпора ва ғайра аст) шумораи телефоне, ки ба паёмрасони "Вайбер" пайваст аст, фаъол гардид. 

Муфассалтар...
Баҳри нигоҳдории роҳ азми қавӣ дорем

Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, 20 январи соли соли равон,  бинобар зиёд гардидани хавфи тармафароӣ тибқи талаботи Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама воситаҳои нақлиёт аз километри 47 - ум (плазаи Ҳушёрӣ) ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба ҷониби шаҳри Душанбе муваққатан боздошта шуд.

Муфассалтар...
Ҳаракати воситаҳои нақлиёти притсепдор ва "Фура"-ҳо иҷозат дода шуд

Субҳи имрӯз ҳаракати воситаҳои нақлиёти притсепдор ва "Фура"-ҳо, ки дар асоси муқаррароти Фармоиши якҷояи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёти мамлакат, бинобар зиёд будани бориши барф ва бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт боздошта шуда буд, иҷозат дода шуд.

Муфассалтар...
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо