ТАВАҶҶУҲ!
Бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва бениҳоят зиёд будани хавфи тармафароӣ дар асоси муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз километри 47 - уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Агентии обуҳавосанҷӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳушдор дода буданд, ки моҳифеврали соли равон дар муқоиса ба соли гузашта нисбатан сербориш хоҳад буд.
Дар робита ба ин аз шаҳрвандон хоҳишмандем, ки ба ҳолати баамаломада бо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ муносибат намоянд.
Дар навбати худ, мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хохем дод то дар наздиктарин фурсат монеаҳоро бартараф ва ҳаракати воситаҳои нақлиётро таъмин намоем.
Бо эҳтиром...