БОРИШИ БЕИСТ ВА ШАДИДИ БАРФ МОНАЕИ ФАЪОЛИЯТ НАМЕШАВАД
Ҳамватанони азиз аз иттилои дар расонаҳо пахш ва нашршуда огоҳанд, ки шурӯъ аз имрӯз вазъи обу ҳаво бад шуда, дар давоми рӯзҳои минбаъда бориши пуршиддати барф падидаи маъмул хоҳад буд.
Бо дарназардошти дар минтақаи релефаш душвор ҷойгир будани роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ нисбатан аз офатҳои табиӣ зиёдтар осебпазир буда, айни замон аз километри 57 то 73 ва 148 - 160- ум бориши шадид ва беисти барф идома дорад.
Вобаста ба ҳолати баамаломада кормандони филиали Ширкат фаъолияташонро чун рӯзҳои беш аз пеш тавсеа бахшида, барои таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода карда истодаанд.
Ба кулли роҳравон роҳи сафед орзумандем!