ФАВРӢ!
Чанд лаҳза пеш ҳаракати воситаҳои нақлиёт (ба ғайр аз нақлиёти ядакдор ва "Фура" - ҳо) аз тариқи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ, ки субҳи имрӯз дар асоси муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат муваққатан боздошта шуда буд, аз нав иҷозат дода шуд. Ҳоло ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз самти Хуҷанд ба Душанбе роҳандозӣ шуда, дар наздиктарин фурсат ҳаракати автомобилҳо аз Душанбе ба самти Хуҷанд имконпазир хоҳад гашт.
Ҷоиз ба зикр аст, ки имрӯз аз ҷониби кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 56 тармаи хурду бузург бартараф гардид, ки 50 адади он ба минтақаи Варзоб ва 6- тоаш ба минтақаи Зарафшон рост меояд.
Лозим ба ёдоварист, ки субҳи имрӯз бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва бениҳоят зиёд будани хавфи тармафароӣ дар асоси муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз километри 47 - уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шуда буд. Бориши барф дар ин масир 8 октябри соли гузашта шурӯъ гардида, рӯз то рӯз шадидтар шуда истодааст. Ёдовар мешавем, ки қаблан Агентии обуҳавосанҷӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳушдор дода буданд, ки моҳи феврали соли равон дар муқоиса ба соли гузашта нисбатан сербориш хоҳад буд.
Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳем дод то рафтуомади бемонеа ва муназзами шаҳрвандон тариқи роҳи автомобилгарди мавриди назар таъмин бошад, вале дар сурати ҷиддӣ ва беист будани хавфи тармафароӣ мо ба ҳеҷ ваҷҳ ҳавасманд нестем, ки ҳамватанони мо ба сафар бароянд, зеро ҳифзи ҳаёти онҳо бароямон аз дигар омилҳо болотар ва авлотар аст.
Дар намояндагиҳои филиали Ширкат зиёда аз 10 ҳазор метри кубӣ маводи зиддилагжиш, 260 ҳазор литр маводи сӯзишворӣ, 85 тонна ангишт ва дигар маводи зарурӣ захира шуда, ин омил замина фароҳам меорад, ки фаъолият дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ шавад.
Чанде пеш бо мақсади андешидани тадбирҳои иловаӣ ҷиҳати таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҳангоми номусоидии обу ҳаво фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати нақлиёти мамлакат «Дар бораи ташкил ва танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе- Чаноқ» ба тасвиб расида буд. Тибқи талаботи он, ҳангоми номусоидии обу ҳаво, боришоти барфи зиёд, яхбандӣ ва пай дар пай фаромадани тарма, ки барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт мушкилот ба миён меорад дар масири роҳи автомобилгарди «Душанбе- Чаноқ» аз ҳисоби масъулини вазоратҳои корҳои дохилӣ, нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ситод ташкил шуда танҳо ҳаракати воситаҳои наќлиёте, ки ду ва зиёда тирҳои пешбаранда доранд ё чархҳои пешбарандаашон бо таҷҳизоти зиддилағжиш ҷиҳозонида шудааст, инчунин автомашинаҳои боркаше, ки вазни умумиашон зиёда аз 3,5 т буда, ядакҳои иловагӣ, нимядак надоранд ва бо лавозимоти эҳтиётӣ муҷаҳҳаз мебошанд, иҷозат дода мешавад.
Илова бар ин, фармоиши мавриди назар масъулинро вазифадор намудааст, ки дар мувофиқа бо Агентии обуҳавошиносӣ ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар минтақаҳои мушкилгузари роҳ зери назорати доимӣ қарор дода, ҳангоми вазнин гардидани шароити ташкили ҳаракат дар роҳ, дар асоси қарори якҷояи масъулини вазоратҳои корҳои дохилї ва нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон реҷаи махсуси ҳаракати воситаҳои нақлиёт - рўзҳои тоқи моҳ аз вилояти Суѓд ба самти шаҳри Душанбе ва рўзҳои ҷуфти моҳ аз шаҳри Душанбе ба самти вилояти Суғд ба роҳ монанд.
Дар робита ба ин аз шахрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки муқаррароти мазкурро мадди назар дошта бошанд.