Хабарҳо

ФАВРӢ! 

ЧАНД ЛАҲЗА ПЕШ БА ШАРОФАТИ МЕҲНАТИ ПУРМАҲСУЛИ КОРМАНДОНИ ФИЛИАЛИ ШИРКАТ, САРФИ НАЗАР АЗ МУШКИЛОТИ ЗИЁД РОҲ КУШОДА ШУДА, ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТ ИҶОЗАТ ДОДА ШУД.  ЧУН РӮЗҲОИ ҚАБЛӢ БО МАҚСАДИ ЭҶОД НАКАРДАНИ МОНЕА БА ДИГАР ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ, ҲАРАКАТИ НАҚЛИЁТИ ПРИТСЕПДОР ВА "ФУРА"-ҲО МУВАҚҚАТАН БОЗДОШТА ШУДААСТ.  РОҲИ САФЕДИ ШУМО ТАМАННОИ ҲАМЕШАГИИ МОСТ!

Муфассалтар...
Ронандагону мусофирони муҳтарам!

Бинобар зиёд гардидани хавфи тармафароӣ тибқи талаботи Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама воситаҳои нақлиёт аз километри 47 - ум (плазаи Ҳушёрӣ) ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба ҷониби шаҳри Душанбе муваққатан боздошта шуд...

Муфассалтар...
БА ТАВАҶҶУҲИ КАСОНЕ КИ АЗМИ САФАР ТАРИҚИ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ДУШАНБЕ-ЧАНОҚРО ДОРАНД!

ИТТИЛОЪ МЕДИҲЕМ, КИ СУБҲИ ИМРӮЗ БОРИШОТИ БАРФ ДАР МАСИРИ РОҲ БЕШ АЗ ПЕШ ШИДДАТ ГИРИФТА, ДАР ДАВОМИ ДУ РӮЗИ МИНБАЪДА БОРИШОТИ БЕИСТ ВА ШАДИДТАР ПЕШГӮЙӢ ШУДААСТ. ИЛОВА БАР ИН, ТАРМАФАРОӢ ДАР РОҲ, ХОСА АЗ КИЛОМЕТРИ 48 ТО 73 ХЕЛЕ ЗИЁД БУДА, ТИБҚИ МУҚАРРАРОТИ ФАРМОИШИ ЯКҶОЯИ ВАЗОРАТҲОИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ВА НАҚЛИЁТ ҲАРАКАТИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ САБУКРАВ НИЗ МАҲДУД КАРДА ШУД.

Муфассалтар...
РОНАНДАГОНУ МУСОФИРОНИ ГИРОМИҚАДР!

Чанд лаҳза пеш, бинобар пуршиддат гардидани боришоти барф дар масири роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ, тибқи муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати нақлиёти боркаши притсепдор ва Фура"-ҳо муваққатан боздошта шуд. Лозим ба ёдоварист, ки иқдоми мазкур муваққатӣ буда, бо мақсади монеа эҷод накардан ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт дар ҳолатҳои зарурӣ роҳандозӣ мешавад. 

Муфассалтар...
ЭҲТИЁТКОРУ ДАҚИҚНАЗАР БОШЕД

Ҳамватанони азиз аз муҳтавои матолиби қаблан дар саҳифаи мазкур ва воситаҳои ахбори омма нашр ва пахшшуда маълумот доранд, ки бо дарназардошти беист ва шиддатнок будани боришоти барф дар масири роҳи автомобилгарди Душанбе- Чанок фаъолияти кормандони филиали Ширкат беш аз пеш тавсеа ёфта, тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд то ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин бошад. 

Муфассалтар...
ҲАМГИРОӢ БА РАФЪИ БЕТАЪХИРИ МУШКИЛОТ МУСОИДАТ МЕКУНАД

БА ТАСВИБ РАСИДАНИ ФАРМОИШИ ВАЗОРАТҲОИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ВА НАҚЛИЁТ «ДАР БОРАИ ТАШКИЛ ВА ТАНЗИМИ ҲАРАКАТИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ДАР РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ДУШАНБЕ - ЧАНОҚ» АЗ МУҲИМИЯТИ МАСЪАЛАИ МАВРИДИ НАЗАР ВА ХОСА БУДАНИ ТАВАҶҶУҲ БА ОН ШАҲОДАТ МЕДИҲАД

Муфассалтар...
ҲАМДИЁРОНИ ГИРОМИҚАДР!

Бо арзи эҳтиром ва самимияту ихлоси беандоза яко - яки Шуморо бо фарорасии соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатии осебнопазир, табъи болида ва саодати бардавоми рӯзгорро орзумандем.  Бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо бовар мекунонем, ки дар соли 2019 низ чун солҳои қаблӣ фаъолиятамонро дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ намуда, барои боз ҳам беҳбуд бахшидани ин раванд ҷаҳду талош хоҳем кард. 

Муфассалтар...
ФАЪОЛИЯТ ҲАТТО ШАБОНА ҚАТЪ НАМЕГАРДАД

Бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳи онҳое, ки азми сафар тариқи роҳи автомобилгарди Душанбе - Чанокро доранд мерасонем, ки боришоти шадиди барф ва борон, ки дирӯз шурӯъ гардида буд, то кунун идома дорад.  Сарфи назар аз ҳолати баамаломада кормандони филиали Ширкат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд то ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт таъмин бошад. 

Муфассалтар...
КАБУДИЗОРКУНӢ ВА САҲМГУЗОРӢ ДАР ТОЗАГИИ СОҲИЛ НИЗ МАДДИ НАЗАР ҚАРОР ДОРАД

Кормандони мо дар баробари он ки нигоҳдории роҳро дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ менамояд, ҳамчунин ба корҳои ободонӣ, ки кабудизоркунӣ ва саҳмгузорӣ дар тозагии соҳилҳо аз ҷузъҳои он маҳсуб мешавад, бетафовут нестанд.  Далели возеҳи ин гуфта ҳашари имрӯзаи кормандони Намояндагии филиали Ширкат дар минтақаи Варзоб, ки ба шарофати ин иқдом шумораи зиёди ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан шинониданд, мебошад. 

Муфассалтар...
ФАҲМОНДАДИҲӢ ПАЙОМАДИ НОГУВОРРО ПЕШГИРӢ МЕНАМОЯД

Филиали ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чанок ба зиммааш вогузор аст, сарфи назар аз вазъи обу ҳаво, фаъолияташро чун ҳарвақта дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба роҳ мондааст. Ин аст, ки бо вуҷуди номусоидии обу ҳаво роҳи Душанбе – Чанок кушода аст.

Муфассалтар...
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо