БУНЁДИ ПОЙДЕВОРИ ОҲАНУ БЕТОНӢ - КАФОЛАТИ ТАМДИДИ МУҲЛАТИ ИСТИФОДАИ РОҲ

 

 

Тавре ҳамватанони азиз иттилоъ доранд, дуюми июни соли равон дар километри 138- уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ, дар масофаи 35 метр роҳ пурра фурӯ рафта буд. 
Ба шарофати тадбирандешиҳои бетаъхир ва масъулиятшиносии кормандони филиали Ширкат дар давоми ду соат пас аз рух додани ин офати табиӣ аз дили кӯҳ роҳи муваққатӣ эъмор ва ҳамон рӯз қитъаи зикршуда барқарор карда шуд. 
Бо мақсади он ки минбаъд чунин офат рух надиҳад, айни замон дар ин қитъаи роҳ аз ҷониби кормандони филиали Ширкат бунёди пойдевори оҳану бетонӣ босуръат идома дорад. 
Таъмини сифати корҳо зери назорати ҷиддӣ ва доимии аъзои Шӯрои нозирон ва роҳбарияти филиали Ширкат қарор дошта, дар ин раванд масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода шуда истодааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо