РОНАНДАГОНУ МУСОФИРОНИ ГИРОМИҚАДР!

 

Се рӯз аст, ки дар масири роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ боришоти шадид ва беисти барфу борон ба падидаи маъмул табдил ёфта, сарбории кормандони филиали Ширкатро дучанд кард. Новобаста аз ин, кормандони мо тавонистанд рисолати худро дар сатҳи хубу сифати баланд ба ҷой оранд. Далели возеҳи ин гуфта мунтазам коркард шудани роҳ бо маводи зиддилагжиш, фавран тозакунии роҳ аз барф, бетаъхир бартараф намудани пайомадҳои резиши куҳпора ва дигар офатҳои табиӣ мебошад.
Айни замон аз километри 10 то 368- ум боду ҳаво номусоид буда, дар қисмати аъзами масири роҳ боришоти бардавоми барфу борон идома хоҳад ёфт. 
Маълумоти муфассалро метавонед тариқи хати доимамалкунандаи 487011020 дастрас намоед.
Ба Шумо сафари бехатар хоҳонем!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо