ЯГОН МУРОҶИАТ БЕ ВОКУНИШ НАХОҲАД МОНД

 

Борҳо гуфтем ва иловатан таъкид менамоем, ки муносибату таваҷҷуҳи роҳбарияти филиали Ширкат ба матолиби дар воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр ва пахш мегардида хоса буда, мо ин ҳамкориро ҷиҳати боз ҳам беҳбуд бахшидани фаъолият муфид арзёбӣ менамоем. Доир ба муроҷиати шаҳрванд Беҳруз Рустамов, ки дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” нашр шуда, муаллиф масъули плазаи Чойрух Тутиев Фирӯзро ба тамаъҷӯиву ришвахӯрӣ айбдор менамояд, иброз менамоем, ки иншо ва пешниҳоди чунин муроҷиат ҳаққи шаҳрвандии ин нафар аст, ба шарте, ки муқаррароти пешбинишуда таври бояду шояд риоя шавад. 
Қабл аз ҳама иброз менамоем, ки филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” рабте ба нафаре, ки Беҳруз Рустамов муроҷиат кардааст, надошта, роҳбарии онро айни замон Ниёзмамадова Фотима Сангмамадова ба зимма дорад. Бинобар ин, мантиқан дуруст мебуд агар муҳтарам Беҳруз Рустамов шикояти хешро унвонии Директори филиали Ширкат Фотима Ниёзмамадова ирсол мекард. 
Сарфи назар аз ин омил, роҳбарияти филиали Ширкат дар робита ба муроҷиати мазкур филфавр вокуниш карда, бо супориши Директори филиали Ширкат санҷиши хизматӣ доир ба масъалаи мавриди назар шурӯъ гардид. Санҷиши пешакӣ муайян намуд, ки шикояти мазкур аз ҳақиқати воқеӣ дур буда, дар заминаи хусумати шахсии нафаре, ки бинобар мунтазам вайрон намудани талаботи кор аз вазифааш сабукдуш гардидааст, нашр шудааст. Бо риояи назокатҳои инсонӣ мо аз овардани ному насаби ин шахс ва ҳаммаласконаш худдорӣ менамоем. 
Бо дарки масъулият иброз менамоем, ки умури корҳо дар филиали Ширкат аз ҷониби Шӯрои нозирон ва роҳбарияти филиали Ширкат тавре роҳандозӣ шудааст, ки ҳеҷ кас, аз ҷумла корманди масъули плазаи Чойрух Фирӯз Тутиев ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад амалҳои ғайриқонунӣ содир намояд. 
Роҳбарияти филиали Ширкат омода аст, ки дар дилхоҳ вақт Беҳруз Рустамовро қабул намуда, масъалаи мазкурро бо иштироки номбурда ва дар заминаи далелҳои асоснок (агар Б. Рустамов онҳоро дошта бошад) мӯшикофона таҳқиқ намоянд. 
Айни замон санҷиши ин қазия идома дошта, аз натиҷааш иловатан маълумот пешниҳод хоҳад гашт

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо