ҲАММЕҲАНОНИ ГИРОМИҚАДР!
Бо ифтихор аз Меҳани ободу зиндагии осуда яко- яки Шуморо бо Рӯзи Конститутсия, ки моҳиятан бахтномаи миллати кӯҳанбунёди мо маҳсуб мешавад, самимона табрик менамоям.
Мавҷудияти ин ҳуҷҷати муҳим, ки дар он иродаи тоҷику тоҷикистониён ифода ёфтааст, замина фароҳам овард, ки дар ҳама ҷанбаҳо ба пешравиҳои қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш ноил гардем.
Бегуфтугӯ, қонунмеҳварӣ асоси ташаккули дилхоҳ ҷомеа ба ҳисоб рафта, ба шарофати сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанони азиз дар ин ҷода собитқадаманд.
Орзумандем, ки ин раванд муттасил ва ҷаҳду талошҳои мо хастанопазир бошад!
Рӯзи Конститутсияи мамлакат муборак!