РОНАНДАГОНУ МУСОФИРОНИ АЗИЗ!
Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки шурӯъ аз шоми дирӯз дар масири роҳи автомобилгарди Душанбе- Чанок боришоти давомдори барф ва борон идома дорад.
Дар робита ба ин, кормандони намояндагиҳои филиали Ширкат фаъолияташонро беш аз пеш тавсеа бахшида, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ пеш бурда истодаанд. Дар навбати аввал роҳ бо маводи зиддилагжиш коркард шуда, техникаҳои пуриқтидор дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт аз субҳи имрӯз ҳаракати нақлиёти боркаши притсепдор ва "Фура" - ҳо ба самти Душанбе- Хуҷанд ва аз километри 100- ум ба самти Хуҷанд- Душанбе муваққатан боздошта шуд.
Айни замон аз километри 39 то 67 бориши борон, аз 67 то 84 бориши барф, аз 84 то 155 бориши борон ва 155 то 165 бориши шадиди барф идома дорад.
Бо истифода аз фурсати муносиб аз ронандагон хоҳишмандем, ки бо омодагии ҳаматарафа ба сафар баромада, ҳангоми ҳаракат дар роҳ эҳтироми якдигаррро ба ҷой оранд.
Сафари бехатар ва бобарору Шумо таманнои ҳамешагии мо - кормандони филиали Ширкат аст!