БАЛАНДИИ БАРФ ДАР БАЪЗЕ  ҚИТЪАҲО  30 САНТИМЕТРРО ТАШКИЛ МЕДИҲАД

 

 

Имрӯз аз километри 10 то 47 боришоти борон, аз 47 то 86 боришоти барф идома дорад. Аз километри 165 то 368 борон ва барф бо таваққуфи кутоҳмуддат борида истодааст. 
Лозим ба зикр аст, ки дар баъзе қитъаҳои роҳ баландии барф 25 - 30 сантиметрро ташкил медиҳад. 
Кормандони намояндагиҳои филиали Ширкат таври мунтазам ва густурда роҳро бо маводи зиддилагжиш коркард карда, тозакунии роҳ бо истифода аз техникаҳои пуриқтидор босуръат ҷараён дорад. 
Айни замон ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо