ФАВРӢ: ҲАРАКАТИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ ГАРОНВАЗНИ БОРКАШИ ПРИТСЕПДОР МУВАҚҚАТАН БОЗДОШТА ШУД

 

Бинобар шадид ва беист будани боришоти барф аз километри 155 то 173- юми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ бо мақсади таъмини бехатарии ронандагону мусофирон, таври густардатар амалӣ намудани коркарди роҳ бо маводи зиддилагжиш ва аз ҳама асосӣ - аз байн бурдани тамбашавии воситаҳои нақлиёт, ки асосан ба воситаҳои нақлиёти гаронвазни притсепдор рабт дорад, тасмим гирифта шуд, ки ҳаракати чунин нақлиёт аз плазаи толлингии "Варзоб ба самти Хуҷанд ва аз плазаи толлингии "Шаҳристон " ба самти шаҳри Душанбе МУВАҚҚАТАН боздошта шавад.
Бо истифода аз фурсати муносиб аз ронандагони ин намуди автомобилҳо бо арзи эхтиром хоҳишмандем, ки ба иқдоми мазкур бо ҳисси ҳамдигарфаҳмӣ муносибат ва меҳнати кормандони моро арҷгузорӣ намоянд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо