БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОНУ МУСОФИРОН!

 

Борҳо гуфта будем ва иловатан таъкид менамоем, ки Шӯрои нозирон ва роҳбарияти филиали Ширкат ҳама вақт ҳавасманди тавсеаи равобит бо аҳли ҷомеа буданду ҳастанд. 
Бо ин мақсад корҳои зиёд амалӣ шуда, ин раванд бемайлон густариш ёфта истодааст. 
Бо мақсади бетаъхир чораандешӣ намудан ҷиҳати аз байн бурдани монеаҳо ( манзур тармафароӣ, сангрезӣ, омадани сел, лағжиши куҳпора ва ғайра аст) шумораи телефоне, ки ба паёмрасони "Вайбер" пайваст аст, фаъол гардид. 
Аз ин пас ронандагону мусофирон имкон доранд ҳолатҳои зикршударо аксбардорӣ ва телефони 987202288 ирсол намоянд. 
Мутмаин бошед, ки дар робита ба кулли муроҷиат филфавр тадбирандешӣ хоҳад гашт. 
Таъкид менамоем, ки кулли ибтикори аз ҷониби мо амалигардида ва амалимешуда пеш аз ҳама, ба таъмини ҳаракати бароҳат ва бехатари Шумо аз тариқи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ вобаста буда, дар ин самт роҳандозии ҳамкории барои тарафайн судманд, муҳим ва муфид мебошад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо