Ҳамдигарфаҳмӣ дар рафъи мушкилот муҳим ва муфид аст
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, субҳи имрӯз бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва бениҳоят зиёд будани хавфи тармафароӣ дар асоси муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз километри 47 - уми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шуд. Бамаврид аст зикр созем, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Паҷакент ва навоҳии Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ таъмин аст.
Бориши барф дар ин масир 8 октябри соли гузашта шурӯъ гардида, рӯз то рӯз шадидтар шуда истодааст. Ёдовар мешавем, ки қаблан Агентии обуҳавосанҷӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ҳушдор дода буданд, ки моҳи феврали соли равон дар муқоиса ба соли гузашта нисбатан сербориш хоҳад буд.
Қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш аст, ки сарфи назар бориши бошиддату беисти барф ва тармафароии муттасил ҳаркат дар масири зикршуда ба истиснои рӯзҳои 20 -21-уми январ ва 6 –уми феврали соли равон дигар умуман катъ нагашт.
Лозим ба ёдоварист, ки 20 январ ва 6-уми феврали соли ҷорӣ , бинобар зиёд гардидани хавфи тармафароӣ тибқи талаботи Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама воситаҳои нақлиёт аз километри 47 - ум (плазаи Ҳушёрӣ) ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ҳудуди ноҳияи Айнӣ ба ҷониби шаҳри Душанбе муваққатан боздошта шуд.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки , ки дар заминаи фаъолияти пурсамар, сарфи назар аз бориши пуршиддати барф ва тармафароӣ кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар муддати кутоҳ тармаҳоро бартараф, роҳро аз барф тоза ва онро бо маводи зиддилағжиш коркард карданд. Дар ин замина, рӯзҳои 21-22 январи соли равон дар ин масир кормандони мо 33 тармаи хурду бузургро бартараф карданд.
Ба шарофати тадбирандешиҳои бетаъхир нимаи дуюми 21 январи соли равон ҳаракати воситаҳои нақлиёти сабукрав ва субҳи 22 январ ҳаракати воситаҳои нақлиёти ядакдор ва “Фура”-ҳо, ки бо мақсади эҷод накардани монеа ба дигар автомобилҳо муваққатан қатъ шуда буд, иҷозат дода шуд.
Шашуми феврал роҳ ҳамагӣ то нисфирӯзӣ баста шуд ва баъд аз бартараф намудани 56 тармаи калонҳаҷм (50 тарма дар минтақаи Варзоб ва 6 тарма дар минтақаи Суғд) ҳаракати бехатари автомобилҳо имконпазир гардид.
Дар мавсими сармои имсола тадбирандешиҳо хеле зиёд буда, тибқи муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ситоди муштарак аз ҳисоби кормандони ширкат ва вазорати нақлиёт ва корҳои дохилӣ таъсис ёфта, аъзои он тасмим мегиранд, ки дар сурати афзоиш ёфтани хатари тарма ва ё дигар омилҳо, ҳаракати нақлиёт мутаввақиф карда шавад.
Далелҳо ҳокианд, ки мушкилӣ асосан дар километри 48 -73 мавҷуд аст, ки хавфи тармафароӣ ва бориши пуршиддати барф дар онҷо хеле зиёд ба амал меояд. Сарфи назар аз ин омил, кормандони филиали Ширкат ҳамарӯза аз субҳи барвақт ба поккории роҳ шурӯъ карда, коркарди роҳ бо моддаҳои зиддилағжиш падидаи маъмул маҳсуб мешавад.
Дар маҷмӯъ, дар ҳама қитъаҳои роҳи Душанбе – Чанок барф бисёр зиёд буда, дар баъзе мавзеъ баландии он ба як метр мерасад. Аз ронандагон даъват ба амал меорем, ки тасмими ширкатро, ки аз Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат маншаъ гирифтааст, дарк кунанд, зеро дар ҳолатҳои зарурӣ маҳдуд кардани ҳаракат дар навбати аввал ба бехатариашон рабт дорад.
Ҳарчанд баъзеҳо мегӯянд, ки азбаски роҳи Душанбе-Чаноқ роҳи пулакӣ аст, бояд 24 соат боз бошад, вале филиали Ширкат дар баробари шаҳрвандон масъулият дораду таъмини бехатарии шаҳрвандон болотар аз омилҳои дигар аст. Биноан, дар сурати ба вуҷуд омадани эҳтимоли хатар ба ҷони ронандагон бо истифода аз тамоми имкониятҳо онро пешгирӣ менамояд.
Мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳем дод то рафтуомади бемонеа ва муназзами шаҳрвандон тариқи роҳи автомобилгарди мавриди назар таъмин бошад, вале дар сурати ҷиддӣ ва беист будани хавфи тармафароӣ мо ба ҳеҷ ваҷҳ ҳавасманд нестем, ки ҳамватанони мо ба сафар бароянд, зеро ҳифзи ҳаёти онҳо бароямон аз дигар омилҳо болотар ва авлотар аст.
Айни замон, сарфи назар аз бориши пуршиддати барф ва тармафароӣ кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” тармаҳоро бартараф, роҳро аз барф тоза ва онро бо маводи зиддилағжиш коркард карда истодаанд.
Дар робита ба ин аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки муқаррароти мазкурро мадди назар дошта бошанд.