Зинда бод “IRS”

 

 

Қабл аз ҳама бояд гӯям, ки сарлавҳа рабте ба ман, ки мубаллиғи «IRS» маҳсуб мешавам надошта, хулосаи  як ронанда аст, ки дар қисмати ниҳоии матлаб шарҳ дода шудааст. Бо дилпурӣ метавон гуфт, ки ин ибора ҳамарӯза аз ҷониби садҳо ронанда – онҳое, ки каҷ шинанд ҳам рост мегӯянд, садо медиҳад.  Мутаассифона як идда, ки табиатан олус буда, эътирофи заҳматҳои дигаронро “гуноҳи кабира” медонанд, ин ҷанбаро  нодида мегиранд.

  Метавон гуфт, ки  ҷодаи интихобшуда аз оғози фаъолият барои роҳбарият ва кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» чандон ҳамвор набуд. Монеаҳои сунъии зиёде буданд, ки ҳатто аз ҷониби масъулини мақомоти зидахл «эҷод» гардида,  ҳадаф якто – латма ворид намудан ба обрӯи филиали Ширкат буд. Дар маҷмӯъ,  роҳбарият ва кормандони «IRS» дар фаъолияти худ борҳо бо андешаҳои беасосу муғризона ва туҳмат мувоҷеҳ шуда бошанд ҳам,  бо фаъолияти самаранок ҷиҳати дар сатҳи хуб  ва сифати баланд анҷом додани рисолати худ посухи сазовор додаанд.

 Дар оғоз дар баъзе воситаҳои ахбори омма бобати норозигии мардуми деҳаҳои ҳамшафати роҳ аз фаъолияти Ширкат матолиб ба нашр расида буд. Масъулиятшиносӣ ва тавони шунидани арзи мардумро доштан ҳамон замон низ дар меҳвари фаъолияти роҳбарияти филиали Ширкат маҳсуб мегардид. Он рӯзҳо гузашт ва хушбахтона, мардум, хоса сокинони навоҳии ҳамшафати роҳ, пурра моҳият ва муҳимияти ва фаъолияти филиали Ширкатро дарк намуданд.

 Ҳадаф аз ёдовар шудан аз он айём ба он хотир аст, ки маҳз бо масъулиятшиносӣ ва фаъолияти пурмаҳсул метавон тамоми шубҳаҳоро ботил карда, собитқадам будан дар иҷрои рисолати ба зимма вогузорбударо исбот намуд.  Фаъолияти филиали Ширкати «IRS», ки аз нотавонбинии як идда то ҳамдигарфаҳмии комил масир дошт, шаҳодати ин гуфта аст.

Бо чӣ асос

ман ҷонибдори «IRS» ҳастам?

 Банда аз ҷумлаи онҳое ҳастам, ки мушкилоти роҳи мавриди назарро «дар пӯсти худ» эҳсос намудаву аз монеаҳои мавҷуда комилан огоҳам. Далел меорам: Солҳои қаблӣ роҳи мазкур ҳамасола ба муддати 6-7 моҳ аз сабаби фаромадани тарма ва ҳодисаҳои дигари табиӣ баста  мешуд. Ягон идораи нигоҳдории роҳ қудрати дар давоми сол мавриди истифода будани онро кафолат дода наметавонист. Замони мавҷуд набудани роҳи муносиб дар ин самт истифодабарандагони роҳ ҳамарӯза бо мушкилоти зиёд дучор гашта, шумораи зиёди одамон ҳатто ҷонашонро аз даст додаанд. Имрӯз бо  шарофати фаъолияти «IRS», фароҳам омадани шароити муносиб чунин хатарҳо бартараф шуда, аҳолӣ  тамоми сол аз истифодаи роҳи автомобилгарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдор аст. Пас, магар аз рӯи инсоф аст, ки ин ҷиҳатҳоро нодида гирем?

    Аз ҷониби дигар, вазъи ногувори роҳ боиси он мегардид, ки ронандагон хароҷоти зиёдатӣ намоянд. Барои мисол, бо сабабҳои фавқ мошинҳо сарфи назар аз сабукрав ва ё боркаш буданашон, зуд – зуд вайрон шуда, боиси нороҳатӣ ва хароҷоти зиёдатӣ мегардид. Дар ёд дорем, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани механизми институтсионалию инноватсионии истифодаи пулакии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок «дӯстон»-и мо пешгӯӣ карданд, ки нархи роҳкиро дар масири мазкур баланд мегардад. Хушбахтона, ин «фолбинӣ»-и онҳо ғалат баромад ва нархи роҳкиро таври қобили мулоҳиза поён рафт. 

Механизми зикршуда дар минтақа иқдоми ҷадид буда, моҳияти пилотӣ дошт. Аз ин рӯ, барои дуруст дарк намудани бартариҳои он аз ҷониби шаҳрвандон вақти муайян лозим буд. Лозим ба ёдоварист, ки борҳо бидуни ягон «сабаб» ва далели асоснок  фаъолияти филиали Ширкат аз ҷониби як идда  мавриди «таваҷҷуҳ» (интиқод) қарор  гирифтаву дар заминаи ироаву ибрози  «норозигӣ»- и хеш, ки аслан барои ин  қабил ашхос  падидаи маъмул ва амри муқаррарист, мехостанд худро  «тарғиб» кунанд. Мутаассифона,  дар ҷомеаи мо баъзе «бузургон» «сукутро аломати ризо» пиндошта, ибораи «ҷавоби аблаҳ сукут» -ро ба гӯшаи фаромӯшӣ супурдаанд.

   Ибтикороти амалишуда аз ҷониби филиали Ширкат то ҳадде самар овард, ки давоми чор  соли охир аз ҷониби соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, эътироф гардид, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ  рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд.  Ҳамрадиф бо ин, пешниҳод шуда буд, ки механизми пулакии истифодаи роҳ дар дигар роҳҳои мамлакат  низ мавриди истифода қарор гирад.

 

 

Мавҷудияти «IRS» чӣ самар овард?

  Фаъолияти ширкати мазкур далели он аст, ки рисолаташ дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро шуда истодааст.  Баробари ба фаъолият оғоз кардани  филиали Ширкат рафтуомади мусофирон ва боркашонӣ аз шимол ба ҷануби мамлакат ва баръакс, ҳаматарафа мусоиду осон ва албатта, арзон  гардид, ки дар шароити кунунӣ муҳим маҳсуб мешавад.

 

  Шоҳиди ҳол будем, ки сарфи назар аз боришоти бошиддат ва тармафароии беист, кормандони он фаъолияти худро шабонарӯз ва ҳатто бо баҳои ҷони худ ба роҳ монда (дар давоми фаъолият 10 корманди IRS  ҳангоми иҷрои вазифа ба ҳалокат расиданд), тамоми кӯшишро ба харҷ доданд, ки ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиёт таъмин бошаду мусофирону воситаҳои нақлиёти дар банди барф дармонда ба мавзеи бехавф интиқол шаванд.

 

Масъулини Вазорати нақлиёт низ комилан эътироф менамоянд, ки  ҳолати роҳи Душанбе – Чаноқ, ки дар мувозинаи ин ширкат қарор дорад, нисбат ба дигар роҳҳо хеле беҳтар аст. Аз ҷониби дигар, пойгоҳи техникии филиали Ширкат дар кишвар беназир буда, дорои 210 техника ва механизмҳои махсусгардонидашудае мебошад, ки Вазорати нақлиёт надорад.

Дар самти таъмир ва таҷдиди роҳи Душанбе – Чанок низ “IRS” хеле фаъол буда, дар ҳар минтақа (манзур Варзоб, Зарафшон ва Суғд аст) корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва дигар масолеҳи сохтмонӣ бунёд гардид. Мунтазам ривоҷ гирифтани таъмиру таҷдид далели возеҳи масъулиятшиносии роҳбарияти  IRS  маҳсуб мешавад. Ин раванд зери назорати доимӣ ва ҷиддии роҳбарияти филиали ширкат қарор дошта, дар сурати ба вуҷуд омадани вайроншавии кӯчактарин дар масири роҳ пайи рафъи он чораҳои бетаъхир андешида мешавад.

  Дар давоми фаъолият кормандони филиали Ширкат 110 километр роҳро таъмири куллӣ ва садҳо километрро таъмири ҷорӣ карданд. Соли равон  доираи фаъолият беш аз пеш  васеъ гардида, бо ин мақсад зиёда аз 51 ҳазор тонна асфалт харҷ шуд. Дар натиҷа,  40 километр роҳ таъмири асосӣ ва сад километр таъмири ҷорӣ гардид.

Муҳимтар аз ҳама, ба шарофати  меҳнати пурмаҳсули кормандони филиали Ширкат  роҳи мазкур, ба истиснои чанд рӯз, он ҳам дар мавсими тармафароӣ  умуман баста нашуд.  

 

 

Эътироф далели эътимод аст

 

Яке аз журналистони шинохта, ки то ин вақт аз мунаққидони асосии филиали Ширкат буд, чанде пеш бардошти худро зимни сафараш тариқи роҳи Душанбе – Чанок таври зайл рӯи саҳифа овардааст:  «Селҳои ахире, ки ба роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд  фаромад, барои Ширкати «IRS» як санҷиши ҷиддӣ пешорӯи мусофирону ронандагон буд. Чун ман ҳам аз ҷумлаи мусофирон будам, дидам, ки кормандони Ширкат аз уҳдаи масъулияти доштаашон баромаданд. Техникаи бешумор роҳро дар фурсати кӯтоҳтарин тоза намуда, ҷони мусофиронро аз шабзиндадориҳо дар ҷойҳои селшуста халос карданд. Баробари расидан ба минтақаи роҳи Айнӣ-Панҷакент сангрезаҳою сангрезаҳои зиёде рӯйи раҳ буданд ва ягон техникаи роҳтозакунӣ ба чашм намерасид. Вақте дар ин маврид ба нозири роҳ эътироз кардем, бадоҳатан ҷавоб дод:

- Ин қисмати роҳ ба зиммаи  «IRS» нест!

Ронандаи мо Бахтиёр табассумкунон гуфт:

- Пас зинда бод «IRS!»

 

   Ин суханони ронанда - Бахтиёрро  анҷомбахши матлаб интихоб намуданам бесабаб нест. Зеро  он агар аз як тараф эътирофи заҳмати кормандони  «IRS» маҳсуб шавад, аз ҷониби дигар силии обдор  барои рӯи мунаққидони иқдоми мавриди назар (ҷорӣ шудани механизми истифодаи пулакии роҳ) мебошад.

 

Далер Мерганов,

журналист

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Мо дар видеохостингҳо